Хайрбоди 117,5 ҳазор хатмкунанда бо мактаб бидуни занги охир

Нахустин бор дар Тоҷикистон, имрӯз, 7-уми июн соли таҳсил бидуни садо додани занги охир анҷом ёфт.
Тибқи омори расмӣ соли равон мактаби миёнаро дар кишвар 117,5 ҳазор нафар хатм мекунанд. Манобеи "Озодагон" иттилоъ доданд, ки рӯзи охири соли таҳсил дар макотиби миёнаи кишвар зери назорати милисаҳо дарс гузаронда шуд. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 7-уми июн дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, масъулин ба назорати риояи фармони вазир машғуланд: "То ҳол ягон ҳолати саркашӣ аз иҷрои фармони вазир дар бораи манъи занги охир сабт нашудаст ва ягон шикояте ҳам ба вазорат ва телефони боварӣ ворид нагардидааст".
Ахиран Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон таҷлили «Занги камолот» барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-ро дар тамоми макотиби миёнаи кишвар манъ кард. Бо қарори имзонамудаи Нуриддин Саид, 7-уми июн дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машғулиятҳо тибқи ҷадвали дарсҳо ба роҳ монда мешаванд: “Ба директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияташон супориш дода шавад, ки аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҷиҳати ба хонандагон ва падару модарон фаҳмонидани моҳияти қарори мазкур ва мактубҳои дастурии вазири маориф ва илми Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ андешанд”.
Нуриддин Саид таъкид намуда буд, ки дар сурати иҷро нагардидани талаботи қарори мазкур нисбат ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи қонунгузории Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.
Манъи пурраи “Занги камолот” дар ҳолест, ки соли гузашта Нуриддин Саид, фармон дода буд, ки занги камолот ҳамагӣ 45 дақиқа, аз соати 8:00 то 8:45 гузаронда шавад. Вазир гузарондани ҳама гуна шабнишинӣ, зиёфатороию туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, овехтан ва оро додани худ бо лента ва зангӯла, омадан бо мошинҳои шахсӣ, сайругашт ва ба тарабхона рафтани хонандагонро қатъиян манъ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |