Бахшҳо
07 июн 2016 11:18Тоҷикистон / Сиёсат

Оғози фаъолияти расадхонаи байналмилалии Данғара бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба кори расадхонаи байналмилалии “Санглох” дубора оғоз мебахшад.

Аз дафтари матбуоти Академияи илмҳои Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, расми ифтитоҳи расадхона фардо, 8 июн сура мепазирад. Ба иттилои манбаъ, расадхонаи байналмилалии астрономии “Санглох”–и Институти астрофизикаи Академияи илмҳо дар мавзеи Санглохи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи тақрибан 150 километр ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.

Ҳоло дар Институти астрофизика дар баробари расадхонаи “Санглох” инчунин ду расадхонаи дигар: Расадхонаи Ҳисор (баландӣ – 730 м) ва расадхонаи “Помир” (баландӣ – 4350 м) дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ фаъол мебошанд.

Расадхонаи “Санглох” соли 1977 бунёд шуда, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 1995 мақоми байналмилалиро гирифтааст. Манбаъ мегӯяд, расадхона дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба 1 метр баробар аст: “Ин телескоп соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси (Йона, Олмон) оварда шуда, дар расадхона насб карда шудааст. Телескоп объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40000 километр аз сатҳи замин дида метавонад. Сифати аксҳои ин телескоп тақрибан ба нишондодҳои телескопи қутраш 2 метра наздик мебошад. Чунончи, соли 1985 дар вақти наздикшавии навбатии кометаи Ҳаллей ба Офтоб, аксҳои нахустини он дар расадхонаи “Санглох” бо ёрии телескопи қутраш 1 метра гирифта шуданд, дар ҳоле, ки ин аксҳоро бо ёрии телескопи қутраш 6 метра дарёфт карда натавониста буданд. Дар он лаҳза равшанокии комета ба 22 қутри ситорагӣ баробар буд (чашми одамизод то 6 қутри ситорагиро дида метавонад)”.

Олимони Академияи илмҳо мавзеи ҷойгиршавии Расадхонаро аз нуқтаи назари физикӣ ва иқлими астрономӣ беҳамто маънидод мекунанд, ки барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ хеле мусоид мебошад, аз ҷумла дар ин мавзеъ шумораи шабҳои соф дар як сол ба 230 мерасад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз сатҳи замин то баландии зиёда аз 300 метр сифати аксҳои ситораҳо ба воситаи телескопи ин расадхона доимо хуб мебошанд. Гуфта мешавад чунин имкониятро ягон расадхона дар ҷаҳон надорад, аз ҷумла расадхонаи машҳури Мауна Кеа, ки дар сӯрохии вулқони ҷазираҳои Гавай ҷойгир шудааст.
Мӯҳр
имомкул
Бале расадхонахо машхури -чахони хастанд лекин мутахассисони сифатнок
хастанд ки дар ин чо кор кунанд.Ба фикрам ангуштшуморанд.

э вохима кардедааа бахыдо!!! як расадхона ё як корхонаи пуст ба кор меандозанд чунон эхсосоту хаячон фаро мегирадшона киии. дига аз кудакхорам мегузаронанд. мардум дар космос зиндагира сар карданд инхо бошанд сохиби як дурбин шидиянд чунон менозанд, киии гуё мо якумчоем мо бехамтоем.
----

озодагон акы дар хами мохи рамазон як кори неки дига кунед. бчопен хами дарди дили мара!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)