Дастури раиси Душанбе барои фаъолияти тарабхонаҳо ва ҷилавгирӣ аз зиёдаравиҳои динӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе 6-уми июн дар нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон бо баргузории ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ ба раисони тарабхонаю меҳмонхонаҳо дастур додааст, ки реҷаи фаъолияташонро тағйир надиҳанд.
Тавре аз шаҳрдории Душанбе ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Убайдуллоев роҳбарони меҳмонахонаю тарабхонаҳо, марказхои савдою тиҷоратӣ ва сохторҳои хизматрасонии тамоми соҳаҳои шаҳрро муваззаф намуд, ки дар моҳи шарифи Рамазон бе тағйири реҷаи кории амалкунанда дар сатҳи баланд фаъолият намоянд. Ӯ мақомоти марбутаро вазифадор кардааст, ки риояи реҷаи фаъолияти сохторҳои хизматрасониро дар моҳи Рамазон назорат баранд.
Раиси Душанбе инчунин барои назорати сифату ғановати маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозори истеъмолӣ, роҳ надодан ба рекламаи носолиму бардурӯғ дар таблиғи молу маҳсулот, пурзӯр намудани назорати санитарию эпидемиологӣ, беҳбуди хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи мақсадноку таъинотии ҷойҳои ҷамъиятӣ, пешгирии зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ ва пурзӯр намудани назорати риояи регламенти шаҳр оиди то соати 23 фаъолият кардани марказҳои маишиву хизматрасонӣ супориш додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |