Бахшҳо

Коршинос: Қазоқистон оғозгоҳи “Баҳори Осиёи Миёна” мешавад

Президенти Пажуҳишгоҳи Шарқи Наздик, як ниҳоди мутаалиқ ба Академияи улуми Русия иддао кардааст, ки Қазоқистон оғозгоҳи “Баҳори Осиёи Миёна” мешавад.

Евгений Сатановский ин равандро ба ҳодисаҳое, ки чанд сол қабл дар Ховари миёна ба вуқӯъ пайваста, номи “Баҳори Ховари Миёна”-ро гирифт, монанд кардааст. Ӯ дар суҳбат бо нашрияи “Известия” бо ишора ба он ки нооромиҳои ахири Қазоқистонро “Артиши озодии Қазоқистон” ба уҳда гирифт, гуфтааст, “Артиши озодии Қазоқистон”, ки то дирӯз вуҷуд надошт, ташкилотест, ки ҳадафаш сарнагун кардани ҳукумати Назарбоев ва исломӣ кардани Қазоқистон мебошад. Ин сенариёи “Баҳори Осиёи Марказӣ” аст".

Ба таъкиди Сатановский, гуруҳҳои мушобеҳ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд доранд: “Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби наздик ба “Ал-Қоида” дар Афғонистон”.

Ба иддаои вай, ҳамаи ин ҳизбҳо таҳти контроли Қатар, Арабистони Саудӣ, Туркия буда, аз ҷониби Амрико бо дастгирии Бритониё ва Фаронса роҳбарӣ мешаванд: “Мантиқан, ҳамаи ин барои Русия хатарзо аст”. Ӯ дар идома гуфтааст, ки “заволи ҳар гуна режим дар Осиёи Марказӣ махсусан Қазоқистон фавқулода хатарбор аст ва мо бояд инро дунбол кунем”.

Рӯзи 5 июн дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон афроди мусаллаҳ ба мағозаи силоҳ ва қисми низомӣ гвардияи ин кишвар ҳамла карданд. Дар пайи ин ҳамла 6 нафар, бо шумули се низомӣ кушта шуд. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар пайи амалиёт 12 ҳамлагар аз байн бурда шудаанд.
Мӯҳр
Хамсоя
Наконецто Россияи бузург эътироф кард ки ХНИТ дар катори “Ҳаракати исломии Узбакистон, Хизби наздик ба “Ал-Қоида” дар Афғонистон” ва гайра террористи аст...
Офарин!

банда
кишвархое ки ба Амрико итоат накунанд мисли Либия ва ба Руссия итоат накунанд мисли Украина хароб мешаванд. ва дар охир ба мусалмонхо таъна мезананд либосаш сиёх буд камтар риш дошт.......силохбадаст буд....

1 советский
Ин Сатановский яхуди аст ва худаш разведкаи гарбихо аст. Зиёд хурсанд нашавед ин эьтирофи Россия нест балки як чосусе аст ки дар хидмати диктаторхои мусалмонкуш аст.

Мненияи "президенти як пажухиши... академияи улуми Русия" ин мненияи официальнии Россияи бузург нест,-хамсоябанда,

Касе, ки ғуломи Росия нест значит вай Амрикоист ва Алқоида аст ин русҳо намехоҳанд, ки тоҷик аз ғуломи берун равад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)