Ҳуши маснуъии Facebook навиштаҳои маҳрамонаро ҳам мефаҳмад

Ширкати Facebook ҳуш (ақл)-и маснуъиеро коркард намудааст, ки метавонад матни навиштаи корбарашро бифаҳмад ва таҳлил кунад. Ҳатто агар корбари шабакаи иҷтимоӣ бо “жаргон” бинависад, ин ақли маснуъӣ мушаххас мекардааст, ки ӯ чӣ менависад.
Ин фанноварӣ Deep Text ном дорад ва ба навиштаи ширкати Facebook мазмуни хондаашро “тақрибан ҳамчун одам” мефаҳмидааст.
Намояндаҳои ширкат гуфтаанд, ки ин фанноварӣ барои он эҷод шудааст, ки корбарон ба роҳатӣ битавонанд аз ин шабакаи иҷтимоӣ истифода кунанд ва ҳамчунин метавонад дигар паёмҳои нолозимро биполояд.
Ҳоло ин фанноварӣ ба сурати санҷишӣ дар баъзе аз матолиби ин ширкат, аз ҷумла дар паёмакҳо ва хадамоти ҷустуҷӯйӣ ворид карда шудааст. Дар хадамоти Messenger агар корбар бинависад, ки кадом ашёеро мехоҳад бифурӯшад ин фанноварӣ метавонад ин тасмимро нашр намояд ва ҳамчунин метавонад бифаҳмад, ки маҳз чӣ ва бо кадом нарх фурӯхта мешавад ва ба корбар метавонад пешниҳод бидиҳад, ки ин тасмимашро дар Facebook реклом кунад.
Ширкат тасмим дорад, ки фанноварии Deep Text-ро такмил бидиҳад ва қобилияти маърифат кардани забони гуфториро низ дар он ворид кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |