Бахшҳо

Чаро ба солҳои 70-ум баргаштем?

Абдулазизи ВОСЕЪ

Ду рӯзи пеш вақте савори таксӣ аз пойтахт ба хона мерафтам, як мусофир аз ҳамроҳаш пурсид, ки намози таровеҳро куҷо мегузорад? Ӯ гуфт, дар хонаи фалон одам. Аввалӣ боз суол кард, ки иҷозат ҳаст ва ҷавоб гирифт, ки “як нафарро пушти дар “қаравул” мемонему мехонем”. Нақли бобоям ёдам омад, ки мегуфт солҳои 70-и шӯравӣ пинҳонӣ дар хонаҳо таровеҳ мехонданд...

Дар чанд соли ахир дар пайи санҷишу рейдҳо дар саросари кишвар фаъолияти садҳо маконе ки ҳамчун масҷид ё ибодатгоҳи мусалмонҳо бунёд гардида буд, манъ карда шуд. Дар шаҳрҳои бузург, ки фосилаи байни масҷидҳо зиёд нест, бастани дари ибодатгоҳҳои ғайриқонунӣ корест дуруст. Аммо дар минтақаҳо вазъият фарқ мекунад. Барои мисол дар як ҷамоати ноҳияи Файзобод, ки ҳудуди 13 деҳаро дар бар мегирад, ҳамагӣ ду масҷид иҷозаи фаъолият дорад. Дарҳои масоҷиде, ки шояд бо айби як ё чанд нафар дар вақташ расмӣ нашудаанд, ба рӯи намозгузорон баста аст. Бархе аз ин биноҳо замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморӣ низ ҳастанд. Ҳоло онҳо бояд чойхона шаванд ё ҷойи тафреҳие барои ҷавонон. Фосилаи миёни деҳаҳои ҷамоат андак нест ва имкон надорад, ки мусалмонҳо ба масҷиди қонунӣ барои гузоштани намози бо ҷамоат бираванд.

Ин ҳолатро дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам мешавад мушоҳида кард. Ҳоло ки Рамазон меҳмони хонадони мо аст ва намози таровеҳ як бахши муҳими ин моҳ маҳсуб мешавад, сокинони деҳаҳои бемасҷид намедонанд чӣ кунанд. Қисме бо аҳли оила гуруҳе бо ҳамсояҳо дар манзили якдигар ин намозро мегузоранд. Аммо онҳо намедонанд, ки ин корашон қонунист ё на. Ҳарос доранд, ки агар хабари дар манзили шахсӣ ҳамроҳ бо ҳамсояҳо гузоштани намози таровеҳ ба гӯши мақомот бирасад, муҷозот мешаванд. Мисле, ки солҳои ҳафтоди қарни пор дар Шӯравӣ буд...

Масъулини Кумитаи дин ва дигар ниҳодҳои марбут бояд дар фикри ба нафъи ҳамагӣ ҳал кардани ин мавзӯъ бошанд. Дар минтақаҳо аксаран дар ҳар деҳае, ки ҳоло масҷиди расмӣ надорад, беш аз сад хоҷагӣ ба сар мебарад ва ин мардум ба ибодатгоҳе ниёз доранд, ки намози ҷамоат бигузоранд. Агар масҷидҳое, ки ба талаботҳои меъморӣ ҷавобгӯянд, истисноан иҷозаи расмӣ дарёфт кунанд, ба нафъи ҳамагӣ хоҳад буд.

Амалҳои асри 21 бояд хоси имрӯз бошанд, на монанд ба солҳои 70-и Шӯравӣ...
Мӯҳр
Мухочир
Хеч кас сари рохи дини Аллохро гирифта наметавонанд! Ботил аз байн меравад ва Хак човидон мемонанд

Хирс
Солхои 70-уми асри гузашта, мардум чои кор дошту пинхони намоз хонда метонист. Холо бошад мардум бечои кор хасту, давлат на ба кор таъмин мекунаду на мегузорад, ки марду дар якчо чам шуда акалан дарди дилашонро ба Худованд баён кунанд!

Бародар дуруг навиштан гунох аст дар ин мохи Шариф. Дар хар як дехаи хатто дурдаст масчид фаъолият мекунад. Акун бо дархости хар як салафиву шиаву тарикати дар як деха чор панч масчид сохтан гайримантикист.

Модератор хохиш мекунам чоп кунед.

Тоҷик
Али,
Хайфи номи али, дар дехахое, ки 20-30 ҳазор аҳолӣ вуҷуд дорад, будани 3-4 масчид кам аст. Дар ҳақиқат он бародар дуруст гуфтааст.

Мусофир
Дар нохияи Чоми 53 масчидро махкам карданд ва дар солхои70-ум дар дехотчойхо муллохои пешкадам муллобачахо доштанд,онхоро таълим медоданд.Хозир дар кучо таълимоти Исломиро дарс медиханд?Мадрасахоро бастанд,муллохои боилм ё зиндониян ё аз минбар дур.Кирои мукоиса нест,бародарон,ноадолати мешавад.Он солхо хело озоду обод зиндаги доштем!

Dard
Avvalan ba tamomi musalmonon mohi sharifi ramazonro muborakbod meguyam.
Agar chunin raftan girad beshakk Allohi azeezu qahhor khudash sarishta mekunad bo in hol doim namemonad pas ba Alloh ru biyored ki khele ham sakhtgir ham hast.
Dar borai oneki meguyad ba darkhosti har salafiyu shia .. ijozat dihem dar tjk hammajo masjid pur meshavad meguyad magar in inson Khudo bezor boshad? Man nameguyam ki harguna raviyaho yo mazhabhoro pushtiboni kuned aqalan ba hamun mazhabe ki da'vo dored ba hamun amal kuned tjk azizamon guliston meshavad chunki va'dai ilohist charo harfi lofu puch mezani !!!
Alloh hidoyat kunad agar arzanda hastand va gar ne chunon khoru zalil gardon ki ibrat bar digaron gardand ba misli qavmhoi peshin!!
Lutfan guzored va gar ne khiyonat mekuned dar amalaton va khiyonat nishonai nifoq ast!!

точик
Ман намефахмам.чаро масчидхоро бе хуччат гуфта мебанданд ва чояшро чойхона ё дигар чи мекунанд. Оё хамон масчидхоро худи давлат конуни кунад намешавад. Чаро чойхонаро расми карда мешудасту масчитро не ??????????????????ин хамааш бахона барои масчитхоро бастан

Али,
Ин хизмати хирсонаи туву тубаринхост барои миллату давлат.

точикистони нав
наход хамин савол дихед магар шумо бехабаред ки рус як гурух камунистро болоямон мусаллат кардааст

Хакикатро бихонед
Дар шахри кургонтепа дар нохияи бохтар савхози файзалии саид учаскаи навобод ва дар кишлоки точикобод масчиде солхои 68 кар5и нузашта бино шуд ва дар тули ин солхои шурави фаолият дошт ва соли 90 асри гузашта аз сари нав бино шуд ва иамоми гароити замонави да у буд хато масчид ба кансанерхо тачхизонида шуд мутавсифона тули 1 сол аст ки и5 масчид ро ин хукуматдорхо махкам карданд ва дар ин мохи муборак низ ичозаи намоз надоданд ва гуфтанд ки ичоза нест дар ин масчид намоз хондан чунонеки як сокини ин кишлок ба ман гуфт ,ва илова кард ки хама дар хона ифтор ва пароканда намоз мегузоранд ва масчиди мо махкам аст ва уро ба хонаи фарогати ва чои чамияти табдил доданд
Касе бовар накунад биравад ба хамин адрес худаш хакикатро бинад ки русхо мардума аз масчид ман накаданд амо ин точикмаобон ман каданд.

Muhojir
Хуб кардин.Масчидхора тамоман махкам кунанд, боз бехтар мешавад.Ефтен дигар худатона мазоку масхара кунира.Намоза дар хамун хона хам хондан мумкин, бо рафику бе рафик хам хондан мумкин, асос калб тоза бошад.Дар назди дигарон худову аллох гуи дур шудед дахон пур аз дашному дар сар фикрхои ифлос. Муред ба хамун диндори.Ба гумони худатон аз хама боло шумоед(шиахо кофир, салафихо кофир, русо кофир, аврупоихо кофир).ХУб. Чи бартари доред аз дигарон? "Бартариатон" хамин,ки хамдигарро мекушед, хамдигарро горат мекунед, бародари точики худатона ба куштан мерасонед, духтари точики худатона дар сомонахо дашному тахкир мекунед,чояш биёяд тачовус мекунед.Пас шумо кийед??? Хамун масчиди пок низ ба шумо ери намедихад, чун шумо хурофотиеду кур, худношиносу ноодам. Худо ба ОДАМон , ба покон ери медихад, на ба фанатикхои бесар.

Чи хдта ика реклама Дори ть намозхон боши масчида ягон кас махкам накардаст. Да хуни шмо хозирам комунисти хаст и мемона..

Хирс,
Мухочир,
Дин ва имон дар калб аст! Хуб намешуд,ки дар ин чойхо маркази техникхои чавон,марказхои ихтирооти технологи,маркази олимчавонони фанхои муосир ташкил карда шавад?Ба дунье вокеъназарона назар бояд кард!

Точик
лесакхои амниятиву вкд-ви бо номхои мустаори хархела аз номи мардум гап мезананд. Изо намекашед? Аз дину шариат фарсаххо дуред, ягон мукаддасот надоред

банда
хамон масчидхои гайриконуни ба чойхона е дигар чиз иваз шавад конуни мешаваду чаро масчид на.? масчидхоро конуни кунанд агар тинчиву оромии миллатро хоханд.вагарна хар кас дар хонааш ба шиагиву тарикату дигар хизбхо даъват мекунад .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)