Ҳабси се тоҷик барои “таъмири маргбор", ки 2 кушта барҷой гузошт (АКСУ ВИДЕО)
Додгоҳи вилояти Кемеров се муҳоҷири тоҷик, сокинони ноҳияи Ҳисор ва Шаҳринавро, ки гӯиё барои таъмири ғайрикасбияшон бинои истиқоматӣ дар шаҳри Междуреченск хароб шудааст, барои ду моҳ ба ҳасби пешакӣ гирифт.
Бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ дар Междуреченск нисфирӯзи 31-уми май хароб гардидааст, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар пайи ин қазия расонаҳои Русия хабар доданд, ки бино ба далели таъмири ғайрикасбӣ аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ дар мағозаи ошёнаи аввал хароб шудааст.
Аҳмад Иброҳим, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ахиран тасдиқ шуд, ки додгоҳ се зодаи Тоҷикистонро дар робита ба ин қазия боздошт намудаст: “Боздоштшудаҳо Бобобеков Ашурали Саидмуродович, зодаи 37-солаи ноҳияи Ҳисор, Гулов Ёрмаҳмад Боевич, зодаи 42-солаи ноҳияи Шаҳринав ва Бердиев Боқӣ Бобоевич, зодаи 39-солаи ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки ҳар сеяшон шаҳрвандии Русияро доранд. То анҷоми тафтишоти қазия ба 2 моҳи ҳабси пешакӣ маҳкум гардиданд ва дар боздоштгоҳи рақами 1-и шаҳри Новокузнетск нигоҳдорӣ мешаванд”.
Ин дар ҳолест, ки сомонаи “life.ru” аз мурофиаи додгоҳӣ барои ҳабси пешакии Ашуралӣ Бобобеков ва Боқӣ Бердиев, таъмиргарони бинои харобшуда дар Междуреченск навореро нашр кардааст, ки дар он муҳоҷирон гуноҳашонро рад мекунанд. Ашуралӣ Бобобеков дар ин навор мегӯяд, танҳо ба кандани “штукатура” аз деворҳо машғул буданд ва ба ягон пояи оҳанину бетонӣ кордор нашудаанд. Ҳар ду коргар мегӯянд таъмирро тоза оғоз карданд ва таҷҳизоте истифода нанамудаанд: “Деворҳои бино ҳамааш кафидагӣ буд. Вақте осори харобшавиро дидем, зуд сокинонро огоҳ кардем, талош кардем одамонро наҷот диҳем”.
Тасдиқи ҳабси муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолест, ки додгоҳ 2 июн Владимир Галушкин, соҳиби мағозаро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт: “Феълан таҳқиқоти қазия идома дорад”.
Видеои шоҳидии муҳоҷирони меҳнатӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |