Душанбе: Хонандаҳои синфи 9 компютери директорро дуздидаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 2 хонандаи синфи 9 дар ноҳияи Шоҳмансур хабар дод, ки дар дуздии таҷҳизот аз утоқи кории директори мактаб муттаҳам мешаванд.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба мақомоти милисаи ноҳияи Шоҳмансур зани 46-сола, директори яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, муроҷиат карда, арз доштааст, ки 2 июн шахсони номаълум пинҳонӣ вориди утоқи кориаш шуда, аз он ҷо 1-компютери тамғаи “Асер”, 1-адад мониторро дуздидаанд. Ба иттилои манбаъ арзиши умумии таҷҳизоти дуздидашуда 5 ҳазору 875 сомониро ташкил додааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, дар пайи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо иттиҳоми дуздӣ, ду хонандаи синфи 9, наврасони 16-сола боздошт гардиданд: “Айни ҳол аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |