Президент дар Ваҳдат баталёни махсус ташкил дод (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми июн дар маросими супоридани байрақи ҷангӣ ва сипосномаи Президент ба баталёни махсуси Вазорати мудофиа дар шаҳри Ваҳдат иштирок намудааст.
Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсии воҳиди махсуси низомиро ба муносибати ташкили боз як ҷузъу томи нав ва ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, қувваҳои мусаллаҳи кишварро сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлол ва мардуми Тоҷикистон хондааст.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки соли гузашта барои мукаммалгардонии сохтори ташкиливу штатии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фармон додааст, ки тибқи он дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат баталёни таъиноти махсуси Вазорати мудофиа таъсис ёфта, бевосита тобеи ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мебошад: “Раванди таъсисёбӣ ва таъминоти баталён тибқи Нақшаи Қувваҳои Мусаллаҳ амалӣ гардида, аз як тараф бо роҳи ташкилу пуррагардонӣ ва ҷобаҷогузории ҷузъу томҳо дар самтҳои муҳимми ҳарбиву стратегӣ ва аз тарафи дигар, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҳолатҳои фавқулода анҷом дода шуд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки таҳаввулоту ҳодисаҳои ҷаҳони муосир моро хушдор медиҳанд, ки сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам тақвият бахшем: “Ҳар яки мо вазифадорем, ки беҳтарин неъмати имрӯза, яъне соҳибистиқлолии давлатамонро содиқона ҳифз намоем, барои посдории ваҳдату ягонагӣ ва ободии минбаъдаи кишварамон корҳои созандагиро вусъат бахшем”.
Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ дар хитоб ба низомиён, аз ҷумла афсарону сарбозони баталиони нав изҳордоштааст, ки “ман ба ҳар яки шумо бовар дорам ва эътимоди Роҳбари давлат ва халқи Тоҷикистон дар навбати худ ҳар кадоми шуморо водор месозад, ки дар иҷрои рисолати касбии худ, яъне ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар ҳамеша омода бошед ва ҳушёриву зиракиро ҳаргиз аз даст надиҳед”.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президент бинои қисми низомии навтаъсис дар марҳиллаи аввал бо харҷи 16 миллиону 600 ҳазор сомонӣ бунёду азнавсозӣ шуда, , заминаҳои моддиву техникии қисми низомии мазкур ба меъёри ҳарбӣ ҷавобгў аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |