Устодони Донишгоҳи миллӣ: Ҳукумат бояд афвшудаҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад

Гуруҳе аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайи як тадқиқот ба ин хулоса расидаанд, ки қонунҳои авфи кишвар ҳангоми татбиқ дучори як қатор мушкили ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ҳастанд. Ин тадқиқот, ки бо дастгирии дафтари САҲА дар Тоҷикистон анҷом шудааст, имрӯз, 3 июн дар Душанбе муаррифӣ шуд.
Тадқиқоти мазкур, ки “Оқибатҳои иҷтимоию ҳуқуқии татбиқи афв дар Тоҷикистон” ном дорад, қонунҳои марбут ба афви солҳои 2009, 2011 ва 2014-ро фаро гирифта, муаллифон омода набудани мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо ҷиҳати қабули авфшудаҳоро яке аз проблеммаҳои аслӣ гуфтаанд. Чанд нуктаи дигаре, ки аз сӯи муаллифон таъкид шудааст, “маълумоти кофӣ надоштан оид ба миқдори шахсони авфшуда, аниқ надонистани макони буду боши онҳо ва набурдани корҳои профилактикӣ” мебошад.
Бар асоси хулосаи тадқиқот, ки аз якуми июли соли 2015 то 31 декабри 2015 гузаронда шудааст, аз 7 ҳазору 986 нафари бар пояи қонуни авфи соли 2014 озодшуда, 155 тани онҳо дубора ҷиноят содир кардаанд. 67 дарсади онҳо даст ба дуздӣ, 14 фоиз ба ҷиноятҳои марбут ба моддаҳои нашъадор, 5 фоиз ба қаллобӣ ва 7 фоиз ба авбошӣ даст задаанд. Гуруҳи муҳақиқони Донишгоҳи миллӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки сабаби дубора даст ба ҷиноят задани авфшудаҳо бекорӣ будааст. Вазъи сангини иқтисодӣ ва нашъамандӣ аз сабабҳои дигари “ретседивистӣ” ном бурда мешавад. Бар асоси ин тадқиқот қисми зиёди авфшудаҳо пеш аз содир намудани ҷиноят касб, шуғл ва ихтисоси муайян надоштаанд. Аз ин рӯ, муаллифони тадқиқот дар бахши тавсияҳо гуфтаанд, ҳукумати Тоҷикистон бояд авфшудаҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад. Инчунин тавсия шудааст, ки нисбати ноболиғони авфшуда муассисаҳои мутобиқсозӣ дар ҳар як минтақаҳои кишвар таъсис шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |