Бахшҳо

Иттиҳоди Аврупо: Ҳукми наҳзатиҳо ваҳдатро халалдор мекунад

Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот қарори Додгоҳи олии Тоҷикистонро, ки аъзои аршади ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард, интиқод намудааст.

Дар изҳороте, ки имрӯз, 3-юми июн аз қавли Майя Косянчич, сухангӯи Иттиҳоди Аврупо нашр шудааст, мурофиаи аъзои ҲНИТ ношаффоф арзёбӣ шудааст. Косянчич изҳор доштааст, ки ҳаққи маҳкумшудаҳо барои мурофиаи мунсифонаи додгоҳӣ нақз шудааст: “Ин иқдом зидди уҳдадориҳои байналмилалист, ки Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст. Бояд далелҳои қотеи гунаҳкорӣ аз рӯи тамоми иттиҳомҳо пешниҳод мешуданд. Қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон метавонад ба ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон халал ворид кунад”.

Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки ҳатто ҳангоми амалиёти нерӯҳои қудратӣ бояд ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва волоияти қонун таъмин шавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 2-юми июн Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайниро ба ҳабси абад ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаро ба 16 сол, Раҳматуллои Раҷаб 28, Абдуқаҳҳори Давлат 28, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 23, Саттор Каримов 28, Зубайдуллоҳи Розиқ 25, Қиёмиддини Аваз 28, Саъдиддини Рустам 20, Воҳидхони Қосиддин 20, Муҳаммадшариф Набиев 14, Абдусамад Ғайратов 14 ва Зарафо Раҳмонӣ ягона зан миёни боздоштшудаҳоро ба 2 соли зиндон маҳкум кард.
Мӯҳр
Дар баста шудани ХНИТ гунохи шумо низ хаст ИА...! Агар барои номзадии Ойнихол ба Кабири пора намедодед... Кабири бо ин пулхои шумо накшаи табадулотро намекашид холо хамаи ин мардон дар озоди буд... Аскарони точик хамашон зиндаву саломат дар хонаашон бо ахли оилаашон буд... ХНИТ хам фаолят мекард... Айбро аввал дар худ бинед...

Гуфтай у мардак: Барои номзадии Ойнихолро ба мансаби президенти мондан ИА ба ХНИТ (Кабири) 3 000 000$ пора додааст рост бошад...?(Озодагони Мухтарам хамин комент-ро дар кучое нависам чоп намекунанд... Кане як Озодии худро исбот карда хаминро чоп кунед.) Пешаки ба хамаи Кормандони Озодагон ташакур мегуям.

Шарм бояд дошт. Нангу номус ва гурури миллатро фурухтед.
Акнун дар бораи бегайратии точикон дар оянда асархо эъчод мекунанд.
Ку мардони шердил ки хакикатро ошкоро дар ру ба руяш бигуяд.
Ки дар Точикистон пора намегираду ки дар Точикистон намедихад?
Он хама дачаву хавлихои чандтабака аз кадом пул?
Агар акаи Хатлони гапи роста меги, бо далел ва асос бигу.
Ман аъзои нахзат нестам баръакс, вале дилам ба он пирамарди нурони ва донишманд Х.Сайфуллозода месузад. Ба чи гунох уро зиндон карданд? Ва ё М.Хайит ва ё дигархо. Онхо зиндагии одди доштанд.

Мухочир
ба хатлони! Шумо дар кадом аср карор доред? Ин гапохои дуруга аз кучо ёфтен? Хамаи мардум медонанд, ки ин консерти Хочи Халимро худи хукумат ташкил кард барои аз байн бурдани ХНИТ

суол
...накз шудааст,..поймол шудааст....
Хай бад чи??? Гапро чи кор кунем-???
Ягон кор кунед охир....

хатлонии фолбин кани тарафи дигаррох хам фол бин инчо чи гап гузаштааст

Вахшони,Уяли.
Хатлони,
Вахшони.Гуфтай хаму мардак,ки..ИМА девона нашидай,ки ба Кабириро 3-_миллион доллар тия.Гуфтай хаму мардак, ки ина занакои лаби об мегане!
Гуфтай хаму мми..э ака о дуруст гап занед,саросема ношуда,охир ин навори телевизиони аст..Гуфтаи хаму мардак,ки..о боз такрор кардед!!!!.Э гуфтаи хаму мардак,ки хамаи у гапхо дуруг буд,дар як хурма дуг буд.
Хатлони, маву ту факат дар гами долларем,шабхо доллар хов мебинему гуфти хаму мардак,ки ,хаелхои кукнори мекунему...дар орзуи зани чпвонем....э...э.. ээээ мегум,янгат нафахмад,ки чанд бор шуд,меега,ки кошки як шуи бизнесмент мекардуме..дипломхои ткра чи кор мекунум мардаке...э хез бра..тапакора ругардун кун мега..,,гуфти хаму мардак....э..хозир..ина..хестум!

Tojikistoni
Хатлони,
Kadom mardak guftay??? yagon KAMPIR budagist???
shumo provokatoro dar hamajo bohamin gaphoi bemagzu puchaton sari mardumro garang karda gashted!!!!

Бахшиш бародаро.. Дар ин чо хато шудааст... Дар инчо "пора" не балки.. "Тухфа", "Кумак", "Дастгири" , додааст... аминхел гфта буд аму мардак...

Мухочир
Боз гапхои холи((((((((((

Чун теғ даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорй намуданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)