Бахшҳо
03 июн 2016 14:20Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳушдори муфтӣ ба тоҷирони қиматфурӯш: Рӯзаро барои ҳамсоя мегиред?

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон аз эҳтимоли боло рафтани нархи маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар ҳушдор дода, аз тоҷирон даъват намуд, ки аз ин моҳи хайру эҳсон сӯиистифода накунанд.

Абдулқодирзода, имрӯз, 3-юми июн зимни мавъизаи намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе изҳор дошт, ки дар бозорҳо маводи ғизоӣ зиёд аст, аммо бархе тоҷирон, сарфи назар аз талоши мақомот барои поин нигоҳ доштани нархҳо, маҳсулоташонро қиммат мефурӯшанд.

Ӯ дар хитоб ба тоҷирони Тоҷикистон гуфт, “Рамазон моҳи раҳмату мағфирату бахшандагӣ аст, ба бародарони мусалмони худ, ки онҳо ҳам рӯзадоранд, раҳм кунед, нархро боло набаред. Баланд бардоштани нархи молу маҳсулот беэҳтиромӣ нисбати рӯзадору моҳи Рамазон аст”.

Раиси Шӯрои уламо аз тоҷирон суол кард, ки вақте рӯза мегиреду бо сӯиистифода аз Рамазон нархҳоро боло мебаред, рӯзаю мусалмонӣ чӣ мешавад: “Рӯзаро ба хотири ҳамсояатон мегиред?”

Абдулқодирзода бо зикри хосиятҳои Рамазону аҳкоми шариат бори дигар тоҷиронро ба риояи адлу инсоф даъват намуд.

Ин даъвати муфтӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон боло рафтани нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон як навъ анъана шудааст.
Мӯҳр
Самандар
Какой мусулмонй? никакой мусулмонй нест. Бозоракиёра худо мета. Мусори кучаро хам чор баробар кимат мефурушанд. Ман намедонам ин чихела мусулмонист? Аз киёмат 0,0000001 фоиз хам наметарсанд. Шояд хамун бечорахоро хам зиндагии сангин мачбур мекунад, ки аз мусулмонй фикру ёд хам накунанд. Мо кучо равонаем???

Чаноби муфти шумо он кушку касрхоро барои хамсояхоятон чам кардед ё барои бочахоятон.

точир
Илтимос озодагон чоп кун ед ман хайронам ки ин муфти нахз тихо и салафихо халосшуд дуболи бизнеменора гирифтай дар минбареки онбояд аз Ислом гап заначот на азбизнес

nabi farhor
Салом.Мохи шарифи рамазонро ба хамаи шумо муборакбод мегуям.Маводи гизои агар дар Душанбе 60-70 дирам ё 1-2 сомони кимат шавад дар назари хамаи мо метобад.Мисол.Як барел нафт дар чахон 90-100$ буд бензин 5-6 с фурухта мешуд.Аммо як барел нафт то 27-44 $ поин фаромад то хол бензин 5-6 с аст.Чи магар либоса дар бозори Корвон арзон аст,як ба ду,як ба се мефурушанд.Худованд адлу инсофи моро зиёд гардон.

Экономист
Намозгузор,
Суоли дуруст додед.
Домулло, нархи бозорро бо маъвизаву дастури мақомот поён оварда намешавад. Манополияро бардоред, налогро поин оред, ба мардум халал нарасонед кору ҳунари аз дасташон меомадаро кунанд, давлат сериву пурӣ ва ҳам арзонӣ мешавад.
Ба кӣ даркор ин савсатаҳои мисли лапшаҳои китайскӣ ба гӯши мардум?!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)