Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави “FIFA”

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар ҷойи 164-ум қарор дорад.
Бар асоси рейтинги FIFA, ки имрӯз 2 июн нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо 150 имтиёз дар мавқеи 164- зинае нишастааст, ки 2 моҳи гузашта баъди уфти бесобиқааш қарор гирифта буд. Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 буд.
Мақоми Тоҷикистон дар ин раддабндӣ дар назар аст, моҳи оянда баъди баргузории бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё тағйир ёбад. Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон пештоз аст. Ин кишвар дар зинаи 66-ум қарор дорад. Қирғизистон дар зинаи 111, Қазоқистон дар ҷойи 112 ва Туркманистон дар зинаи 134–ум аст.
Дар садри раддабандӣ тими миллии Аргентина қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Белгия ва мақоми сеюмро Колумбия соҳиб шудааст. Олмон, Чили, Испания, Бразилия, Португалия, Уругвай ва Австрия шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.
Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |