Алиакбар ба орзуяш расид. Зафар Аюбӣ ба дидорбиниаш омадааст (ВИДЕО)

Зафар Аюбӣ, хонандаи шинохтаи тоҷик ба дидорбинии Алиакбари 10-сола, таълимгирандаи Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони рақами 1-и шаҳри Душанбе рафтааст.
Оламбӣ Қурбонова, ҳамсари Зафар Аюбӣ 2 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, шавҳараш субҳи имрӯз ба назди Алиакбар рафта, бо вай ду соат суҳбат кардааст. Мураббияҳои хонаи кӯдакон мегӯянд, Алиакбар аз ҳузури Зафар Аюбӣ хеле хурсанд шуд: "Алиакбар рӯзи 20-уми август мавлуд дорад ва Зафар Аюбӣ ваъда дод, он рӯз бо гуруҳаш ба хонаи кӯдакон омада, ҳунарнамоӣ мекунад. Ният дорем, он рӯз инчунин хатнатӯйи писарони хонаи кӯдаконро баргузор кунем".
Ба суоли Зафар Аюбӣ, "чӣ надорӣ?", Алиакбар посух додааст, ки "DVD". Ин сароянда барои хариди "DVD" 200 сомонӣ кумак кардааст.
Якуми июн, дар Рӯзи байналмилалии кӯдакон хабарнигори “Озодагон” ба Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони рақами 1-и пойтахт рафт ва аз ҷараёни таҷлили ин сана як гузориш таҳия намуд. Алиакбари 10-cола, яке аз тарбиятгирандаҳои ин муассиса дар навори видеоие гуфт, солҳост интизори омадани Зафар Аюбӣ аст. Вай гуфт, дар гузашта ба ҳар тариқ, ҳатто тавассути телевизиони Тоҷикистон аз Зафар Аюбӣ хоста буд, ки ба назди онҳо биёяд ва консерт бидиҳад.
Хонум Қурбонова гуфт, шавҳараш баъди дидани навори “Озодагон” ба хонаи кӯдакон рафт: “Дирӯз чанд бор ин видеоро тамошо карду гуфт, ман бояд биравам бо ин кӯдак суҳбат кунам. Моро ба як тӯй даъват карда буданд, аммо Зафар гуфт аввал бояд бо Алиакбар суҳбат кунам”.
НАВОРИ СУҲБАТИ АЛИАКБАР
Зафар Аюбӣ аз хонандаҳои маъруфи Тоҷикистон аст. Ӯ бештар ба маросимҳои хурсандии мардум даъват мешавад. Солҳои охир дар телевизион ҳам ҳузур пайдо карда, дар бархе чорабиниҳои давлатӣ низ ҳунарнамоӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |