Тоҷикистон низомиён дар марз бо Афғонистонро бештар кард
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди низомиён дар марз бо Афғонистонро бештар кардаанд.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонии Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми июн дар суҳбат бо “Озодагон” ин нуктаро тасдиқ карда, афзуд: “Низомиён дар марз бо Афғонистон аз ҳисоби наваскарон ва хатмкунандаҳои мактабҳои ҳарбӣ афзоиш ёфтаанд”.
Улуғхоҷаев гуфт, ин иқдом ба хотири таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон роҳандозӣ шудаанд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии ҷангиёни “ДИИШ” ва дигар ифротиҳо дар шимоли Афғонистон ҳушдор дода, изҳор доштанд, ки эҳтимоли эҷоди ноамнӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ вуҷуд дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |