Ҷаримаи наздикони наҳзатиҳои маҳкумшуда барои итоат накардан ба пулис
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур 5 нафар аз наздикони аъзои маҳкумшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро барои итоат накардан ба пулис ба маблағи 40 сомонӣ ҷарима бастааст.
Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ баъд аз эълони ҳукми 14 аъзои боздоштшудаи ҲНИТ аз сӯи Додгоҳи олӣ гуфт, хостанд барои маслиҳат ба Дафтари СММ бираванд, аммо аз ҷониби мақомоти милисаи ноҳияи Шоҳмансур барои бозпурсӣ даъват шуданд: “Ман, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ ва ду нафари дигар ба назди СММ рафтем, хостем маслиҳат пурсем. Аммо аз назди бинои СММ кормандони милиса моро гирифта, ба идораашон бурданд”.
Хонум Ҷӯраева изҳор дошт, ки маъмурини пулис аввал аз онҳо сабаби муроҷиат ба СММ-ро пурсида, гуфтаанд, бояд аввал ба марҳилаҳои болоии Суди олии Тоҷикистон муроҷиат кунанд: “Гуфтанд аз ду кас, ки зиёд шудед, митинг мекунед, барои ҳамин ба ШКД овардем шуморо. Баъди бозпурсиҳо телефонҳоямонро гирифтем, ки ҳамаи рақамҳоро пок кардаанд. Дар ҳавлии идораи пулис интизори гирифтани шиносномаҳо будем, ки омаданду моро ба суд бурданд”.
Мусоҳиби “Озодагон” изҳор дошт, ки дар бинои додгоҳ бо тартиб додани санад ҳамаи 5 нафарро ба маблағи 40 сомонӣ ҷарима бастанд: “Гуфтанд ба шумо 10 рӯз муҳлат, ки ин маблағро пардохт кунед. Гуфтем надорем. Изҳор доштанд, ки хай шумо занакед, 30 сомонӣ пардохт кунед”.
Ба иттилои Ҷӯраева мақомот онҳор дар саркашӣ аз фармони пулис гунаҳкор кардааст: “Гуфтанд, дар назди идораи СММ баъди даъвати милисаҳо фавран омада ба мошин нанишастеду он ҷо истодед. Барои итоат накардан ба пулис бояд 15 рӯз ҳабс мешудед ё 200 сомонӣ ҷарима. Мегӯянд, шумо ҳақ надоштед, ки пеши бинои СММ равед”.
Ин дар ҳолест, ки навбатдори ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур низ дар суҳбат бо “Озодагон” даъват ва бозпурсии наздикони наҳзатиҳои маҳкумшударо тасдиқ кард, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 2 июн ҳукми 14 аъзои аршади ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломиро эълон кард. Бар пояи ҳукми додгоҳ Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ин ҳизб ҳабси абад гирифта, дигарон аз 2 то 28 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.
Акс аз радиои Озодӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |