Абу Путин. Журналисти мисрӣ ба писараш номи президенти Русияро гузошт
Муамин Мухтор, рӯзноманигори мисрӣ писари навзоди худро Путин ном гузоштааст.
Ӯ бо нашри як акс дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, “ин писари ман Путин аст”. Бино ба иттилои расонаҳо, журналист ба хотири Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ин номро барои писараш интихоб кардааст. Ба қавли вай, “садҳо Владимир ҳаст, аммо Путин яктост”.
Бар пояи суннатҳои арабӣ акнун Муамин Мухтарро Абу Путин ном мебаранд, ки дар тарҷумаи тоҷикӣ “падари Путин” мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |