Аз 25 то 27 ноябри соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд ҷашнвораи байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «Донак» баргузор мегардад.
Тибқи иттилои расида, ин чорабинӣ бо ибтикори «Маркази манбаи фарҳанг ва ҳунар»-и шаҳри Хуҷанд бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мусоидати ҳукумати вилояти Суғд сурат хоҳад гирифт. Ҳадаф аз баргузории фестивали телевизионӣ тавсеаи лаёқати эҷодии кӯдакону наврасон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва муаррифии эҷоди онҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Гуфтанист, дар даври аввали интихобӣ беш аз 200 нафар кӯдакони боистеъдоди аз 7-сола то 16-солаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок карданд. Баъди даври дуюми интихобӣ, 30 нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ муайян гардиданд. Онҳо дар консерти ҷашнии фестивал 18 баромад пешниҳод мекунанд. Манбаъи хабар афзуд, дар ҷашнвора беш аз 70 нафар кӯдакони боистеъдод аз Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Маврид ба ёдоварист, ки фестивали байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «До¬нак» аз соли 2007 ин ҷониб доир мегардад. То ба имрӯз беш аз 700 нафар кӯдакону наврасон аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар саҳнаи фестивали «Донак» хунарнамоӣ кардаанд. Ҳамчунин беш аз 100 нафар кӯдакон аз Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон дар ин фестивал иштирок доштанд.Барандагони Фестивали чоруми байналмилалии телевизионии кӯдаконаи «Донак» дар фестивалҳои байналхалқӣ иштирок кардаанд. Аз ҷумла, Шоҳрух Юнусов дар «Босторгай» (Ал¬ма-Ато, 2009), «Шатик» (Остана, 2009), «Славянский ба¬зар» (Витебск, 2009), Сан-Ремо (Италия, 2010), Истанбул (Туркия, 2011), Сафинамох Вализода – «Шатык» (Остана, 2007); «Босторгай» (Ал¬ма-Ато, 2008), Хуршед Баҳодурзода, Малика Ҷӯрабекова дар «Босторгай» (Ал¬ма-Ато, 2008). Мафтуна Мирсаидова, Малика Ҷӯ¬рабекова, Назирҷон Мул¬лоҷонов, Мақсуд Яқубов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Овози тиллоӣ» - 2011» иштирок доштанд. Дастоварди муҳим иштироки ғолиби Фестивали «Донак» Шоҳрух Юнусов дар соли 2011 дар се озмуни байналхалқӣ оид ба мусиқии урфӣ, муосир ва классикӣ аст, ки ӯ дар онҳо соҳиби се медали тилло гардидааст.
Мӯҳр