Бахшҳо

Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Наздикони аъзои боздоштшудаи ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамуни наҳзати исломӣ мегӯянд, додгоҳ Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайниро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит имрӯз, 2 июн дар як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” аз қавли вакили дифои шавҳараш гуфт, Додгоҳи олӣ ин ду муовини раиси ҳизбро як умр аз озодӣ маҳрум кардааст.

Бино ба иттилои наздикони боздоштшудаҳо ҳукми афроди дигар низ эълон шудааст. Онҳо мегӯянд, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода 16 сол, Раҳматуллои Раҷаб 28, Абдуқаҳҳори Давлат 28, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 23, Саттор Каримов 28, Зубайдуллоҳи Розиқ 25, Қиёмиддини Аваз 28, Саъдиддини Рустам 20, Воҳидхони Қосиддин 20, Муҳаммадшариф Набиев 14, Абдусамад Ғайратов 14 ва Зарафо Раҳмонӣ ягона зан миёни боздоштшудаҳо ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки нимаи аввали моҳи май айбдоркунандаи давлатӣ дар Додгоҳи олӣ барои Сайидумар Ҳусайнӣ (ноиби аввали раиси ҲНИТ), Муҳаммадалии Ҳайит (ноиби раис), Қиёмиддини Аваз (раиси шӯъбаи душанбегии ҲНИТ), Абдуқаҳҳори Давлат (масъули равобити хориҷии ҲНИТ) ва Раҳматуллоҳи Раҷаб (раиси шӯъбаи ноҳияҳои тобеъи маркази ҲНИТ) ҳукми абад дар зиндони низомаш махсус талаб кард. Ӯ барои Ҳикматулло Сайфуллозода (муҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот”) - 30 соли зиндон, Муҳамадалии Файзмуҳаммад (раиси Шӯъбаи тафтишоти ҲНИТ) - 29 сол, Зубайдуллоҳи Розиқ (раҳбари шӯъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ) - 30 сол, Саттор Каримов (маъруф бо Эшони Саттор) - 28 сол, Саъдиддини Рустам - 24 сол, Воҳидхони Қосиддин (раҳбари шӯъбаи интихоботии ҲНИТ) - 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев (раиси шӯъбаи хатлонии ҲНИТ) - 16 сол, Абдусамад Ғайратов (раиси бахши минтақаи Кӯлоби ҲНИТ) - 16 соли зиндони низомаш сахт талаб намуда, аз додрас хост барои Зарафо Раҳмонӣ (мушовири ҳуқуқии раиси ҲНИТ) 5 соли маҳбас таъин кунад.

Аммо бино ба иттилои наздикони боздоштшудаҳо, ҳангоми суханронӣ дар додгоҳ иттиҳомот алайҳи худро рад карда, аз қозии парванда ҳукми одилонаро талаб кардаанд.

Ин афрод, ки узви раёсати олии ҲНИТ буданд, баъд аз амалиёт алайҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд. Додситонии кулли Тоҷикистон 17 сентябр бо нашри як изҳорот гуфт, ин афрод баъди пурра нобуд кардани аъзои гуруҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” (Абдуҳалим Назарзода) қасди фирор аз кишварро доштаанд: “Дар асоси далелҳои дар рафти тафтишот дастрасшуда, бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зикршуда боздошт гардиданд".

Ин ниҳод баъдан эълон кард, алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
а
Хамин гуна хабархоро мешунавиву аз ин дунеи беадолат тамоман дилгир мешави. Наход инсонро тухмат карда абади аз озоди махрум сози? На танхо хаети онхоро шикаст доданд, балки хаети оилаву фарзандонашонро хам шикаст доданд.

Пурдил
Говсуд мегуянд инро! Ин шо Аллох хеле зуд Шуморо Худованд ба хайр мерасонад! Агар дар ин дунëхам ки нашуд дар махшар бо сари баланд болои золимин даъво хохед кард!!!!

мехмон
Ин бахси шахрвандони одди нест ва мо намедонем , ки чи гап хаст. Суханронии писари Сайдумар Хусайниро дар интернет шунидам ва у умуман бо лахчаи эрони харф мезад. Аз хамин чо шубха мекунем ки хадафи хоричиён чи бошад? Мо бо эронихо хамфархангем аммо мазхаби мо дигар хаст. Мо бояд бо Эрони муносибатхои ба иктисодиёт мутаалик дошта бошем на ин ки онхо ба сиёсату мазхаби мо дахлдор бошанд.
Ва ба ин махкумшудагон озодии пеш аз мухлатро хохонам.

ИНЧИ БАХТИВУ БЕАДОЛАТИ ВОЙ ДОД АЗ ИН СУДИЯХОИ ТОЧИКИСТОН БО ТУХМАТ ИН МАРДУМРО АЗ ОЗОДИ МАХРУМ СОХТАНД.

ученик
Бо бовари гуфта метавонам, ки ин бародарон харгиз ифроти набудан ва нестанд чунки махз хамин бародарон дар сулхи миллат сахм гузоранд. Шахсе, ки аз он лаби дарёи Панч мардумро ба Ватан меорад ва бо Хукумати кунуни сулх мекунад харгиз ба хунрезии дуюмбора рох намедихад. Худованд нигахбонатон бошад бародарони чабрдидаи Ватан...

Эронихо мазхабашон дигар мегуед? Ту аз мазхабу дин чизеро медони ва ё риоя мекуни? Эрон бади аз блакада озод шудан аввал, ки коре кард ба Точикистон хато накунам 4- милион литер сузишвории дизели равон кард ва икдом гирифт, ки дар Т.Ч бозори осиёи миёнагии фуруши нафту газро бунёд кунад. Амо шумо ва шумо баринхо эрон мазхабаш чудо ва молаш харом бо рохбарии Саидмукарам муфти, Эронро хафа кардед. Акнун Эрон дастиии худ ва бозори нафтиашро дар Узбакистон чо карданист ва бо касрати тую ту баринхо мо аз як дусти худ махрум шудем. Агар ту чунин такво дошта боши, пас моли хитоиро истифода набар ва бо Россия робита накун. Агар Эрон мазхабаш дигар бошад лек мусалмон аст, аммо шарикони стротегии шумо чи, на мусалмону на хаммазхаб. Игвогарон вахоинони милат чунин шахсонро мешуморам. Эй хари чугира об тею пулша гир махмадоно.

мехмон имруз тамоми тоҷикистон гиря дорад охир инхо гунох надорад агар дошта бошад чаро дар суди онхо ягон журналистонро рох надодан чаро махфи гузаронидан барои онки онхо метавонистан бегунохии худро исбот кунад ва макомот инро хуб медонист барои хамин бо рохи махфиамалиёт бурд аммо кори хело шуд натичаи хуб намеорад

Абдуллох ...
ба номи Худо !! салом иншаАллох ин мардони Худо бегунохан инро хама медонад чи хукумати чи мардуми одди ва Худои бузург ба ин мардони бузургаш ва ахли баеташон сабри чамил ато кунад ва иншаАллох хар чи зудтар мардуми Точикро начот дихад то ки мардони часури Точикро бо ноадолати аз баен набаранд ......
Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесузад,
Агар сузад, шабе сузад, шаби дигар намесузад

Онхо бояд хис намоянд ки дар хакикат ба амалхои гариконуниашон дар назди конун чавоб диханд Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар чангу хунрези намехоханд.

Онхо бояд хис намоянд ки дар хакикат ба амалхои гариконуниашон дар назди конун чавоб диханд Мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар чангу хунрези намехоханд.

мехмон
Кухистони,
Эронро магар Россия мемонад, нефти худро ба бозори Точикистон фурушад ? Дар дохили давлати мо пораи артиши бузурги Россия хаст. Баъдан мо бо Эрон хамсархад нестем. Бисер навишта будам чи илоч Озодагон навиштахои маро кайчи кард. Хис мекунам , муридони эшонхо дар ин чо хастанд!!

Салом ба тарафдорони аъзоёни ХНИТ гуфтаниям, ки мардум дигар тарафдори терроризму экстремизм нест, дигар чангу хунрези намехоханд.

Идрис
ба МЕХМОН
Бародар ман хайронам ба донишу ба заковати шумо аз навиштахои шумо хулоса карда мешава ки саводи кофиву чахонбини надоред о наход як нафарро барои ба лахчаи Эрони сухбат карданаш уро ба шиагарои Е як нафаре ки ба забони Руси гап занад масехи е як нафаре ки бо забони хинди е хитои сухбат кунад буддои хукм кунем кани мантик кани саводи шумо ман вой бар миллат ки чунин инсонхо дорад ман ба ХНИТ ва рахбарони он коре надорам ва тарафдори инхохам нестам лекин шумо аз пеши худ хавои гап назанед.
Дар хонаи мо ман забони англисиро медонам ва бародаронам забонхои хиндуву русиро медонанд пас ба гуфтм шумо мо насрониву буддои е шиа хастем ? хохиш мекунам чавоби маро дар хаминчо гардонед

ХНИТ бояд худаш кушиш мекард то бо хукумат муросо кунад ин айби худи ХНИТ аст ки бо хукумат забон як карда натавонист.Ман бовар дорам ки агар ХНИТ мехост бо хукумат забон ебад хукумат хатман даст медод Левкин ай дар худи ХНИТ АСТ

Умед
Э мардум, хамин тухмат ба сари шумо биёяд чи кор мекунен? Ягон кас парвои халк надорад хамаи ин тухматхо барои боигарию вазифаашон мебошад.. э Худо мардуми мусалмонро аз тухматхо нигах бидор..

Муборакшо
Худовандо хакикатро дар Чумхурии мо талкин намо.Ва хар яки моро дар баробарин ноадолати сабри чамил насибу рузи бигардон.Мо ахли Точикистон барои чазои хоинон хама якдилона коил ва тарафдорем аммо кадом хоин кучост далели хоин будани инхо хохиш э корбарон агар исботи хоинии инхо бошад як далели сахехашро дар телвизионхо пахш намоед то дар дили мо ва мардум шубха намонад.Точикистон оилаи ман аст лек мехохам дар оилаи ман адолат хукмрон бошад. Хохиш чоп кунед озодагон кайчи накарда ташаккур ба Озодагон барои татбик ва таъмини Озодии Сухан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)