Кудакии кудаконро бояд баргардонд
Азизи НАҚИБЗОД
Ҳар боре, ки фарзадонамро ба оғуш мегирам, ба ёди фарзандони муҳоҷирон меуфтам.
Ҳар бегоҳ, ки кудаконам ба пешвозам мебароянд, симои кудакони ҳамватанам, ки моҳҳо чашмбароҳи падарони мусофирашонанд, пеши назарам меоянд.
Кудаке, ки навозиши падарро эҳсос накунад, аз кудакиаш чӣ мемонад? Кудакии бидуни оғуши падар чӣ кудакист? Кудаке, ки моҳҳову солҳо насиҳати падарро нашунавад, чи гуна ба камол мерасад?
Раванди муҳоҷиратро чи гуна тавҷеҳ надиҳем, хоҳ раванди глобалӣ бигӯем, хоҳ зарурати иҷтимоӣ, моҳияти масъала иваз намешавад ва хулосааш ҳамоно фоҷиаи миллат боқӣ мемонад.
Аз ин ҳам бигзарем. Бозори Корвон рафтаед? Чиро дидед?
Ман ҳар боре, ки равам манзараи ҳузнро мебинам. Рӯи аробаҳои сари роҳ, болои растаҳо пойпӯшҳои резинии рехта ва либосҳои синтетикии пастсифати кудакона. Ин либосҳои арзонбаҳои зарарнокро дар кишвари Чин ҳуҷҷати «стандарт» намедиҳанд. Аммо иҷозаи содироташро медиҳанд. Ва гумон намекунам, ки кишварҳои пешрафта ворид намудани чунин либосҳоро ба ватанашон роҳ диҳанд. Ин хамаро модарони тоҷик аз ночорӣ аз бечорагӣ, ноилоҷӣ барои фарзандонашон мехаранд. Харидорони ин молҳо дар аксари ҳол ҳамсарон ва фарзандони муҳоҷиронанд. Дидани ин манзара дили маро реш-реш мекунад, ки модарони бечора ҷуз ин чора надоранд.
Воқеан дардовар аст, ки ин ҳама либосу пойафзоли пастсифатро кудакони миллати ман ба бар мекунанд.
Аз ҷиҳати ғизо низ ҳол аз ин хубтар нест. Оилаҳои муҳоҷирон аксаран қудрати харидани ғизоҳои зарурӣ ва босифатро надоранд. Кадоме аз маводи сабади истеъмолиро сабади кудаки тоҷик дорад? Ҳадди аксар 50 дарсад.
Ин кудакон чи гуна рушд кунанд?
Вазъи мактаб ҳам умедвор намекунад. Устодони Донишгоҳ шикоят мекунанд, ки бештари донишҷуён бехато навишта наметавонанд. Ин вазъи воқеии мактабро бозгӯ мекунад. Агар донишҷӯ навишта натавонад, пас мактабхон дар кадом ҳол метавонад бошад?
Хушбахтии кудак дар чист? Оилаи солиму комил, таъмин будан аз ҷиҳати моддӣ, мактаби замонавӣ ба тамоми маънояш, дар сурати зарурӣ табобату истироҳат.
Вақте оила нима аст, хушбахтӣ наметавонад пурра бошад.
Чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама барои муҳоҷират дигар набояд хар гуна тавҷеҳ биҷӯем. Ин равандро ҳамчун мушкили миллат шиносем ва барои аз байн бардоштани ин мушкил миён бибандем.
Коре бояд кард, ки оилаҳо васл гарданд. Ҷудоӣ ҳеч комёбӣ ба бор намеорад!
То ҷудоӣ боқист, кудакон наметавонанд ба таври комил хушбахт бошанд. Ва ҳар кадоми мо муваззафем, ки кудакии онҳоро баргардонем.Акс аз сомонаи "Даст ба даст"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |