Бахшҳо

Бузургсолии кӯдаки тоҷик ва волидони вайберӣ

Сайф Сафар

Тоҷикистон “Рӯзи ҷаҳонии кӯдак”-ро мисли чандин “рӯзҳои ҷаҳонӣ”-и дигар ҷашн мегирад, ки ба назарам бар пояи вазъи мавҷуди ин қишри ҷомеа як миқдор таноқуз эҷод мекунад. Ҳудуди 70 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебарад, ки худ гӯёи вазъи кӯдакони ин ҷуғрофиё аст. Хусусан замоне, ки суҳбат аз стандартҳои ҷаҳонии шароити зиндагии як кӯдак мекунем; пушти сар кардани бебарқии чандмоҳаи ҳарсола, таҳсил дар мактабҳои камкайфият, ҷалб шудан ба корҳои сангин, ки бар пояи қавонини байналмилал писандида нест.

Дар шаҳр, табиист, ки вазъи кӯдакон аз русто бамаротиб фарқ мекунад, аммо теъдоди қобили таваҷҷуҳ дучори шароити нохубанд. Гирифта аз плостикфурӯшӣ дар бозорҳо, носфурӯшӣ дар сари роҳҳо, дастёрӣ ба ронандаи мусофиркашҳо ё худ пулчинак то шуғлҳои дигар, ки як кӯдак бояд аз он дар канор ва фарогири таҳсил бошад. Аз ин рӯ, метавон “Рӯзи ҷаҳонии кӯдак”-ро дар Тоҷикистон “Рӯзи нигаронии кӯдак” гуфт.

Ай кош, мушкили кӯдаки тоҷик бо шумурдани мушкилоти боло хулоса мешуд, ки дохилиянд ва рӯзе ҳал мешуданд. Аммо, ин қишри ҷомеа даргири масоили печидатаре аст. Муҳоҷират яке аз онҳост, ки касе тавони нарм кардани дасту панҷа бо онро надорад. Намунаҳои бешумор дорем, ки дидори аввалини падару фарзанд дар вайбер сурат мегирад ва гоҳо ҳам иттифоқ меуфтад, ки он падар пас аз 4-5 сол ба дидори фарзанд мерасаду боз бармегардад. Ин вазъ, метавон гуфт, кӯдаки бенасиб аз меҳри падар ё парандаи маҳрум аз як болро ба намоиш мегузорад, ки саранҷом ба нокуҷо мерасад. Муҳоҷират бахши дигаре аз кӯдакони тоҷикро гирифтори асолатбохтагӣ, беҳуввиятӣ ва беморӣ ва маргумир ҳам мекунад, ки зарбаи муҳлик бар камари бемори миллат аст. Намунаи боризи қурбони муҳоҷират Умаралӣ Назаров, кӯдаки панҷмоҳаи тоҷик аст, ки соли гузашта дар пайи боздошти модараш дар беморхона ҷон дод.

Гузашта аз ин кӯдаки тоҷик, ки як маъсум ва аммо фардо як масъул ва тарбияткунандаи насли дигар аст, дар вазъияти носолими воқеъиятҳои рӯз бузург мешавад. Ӯро аз таввалудхона, ки дар дараш навиштаи “Таввалуд ройгон аст” бо пардохти пуле, ки набояд пардохта шавад, “мехаранд”. Ӯро ба кӯдакистоне мебаранд, ки гоҳу бегоҳ ба волидайнаш аз “пули собун” ва “пули ҷорӯб” пайём мерасонад. Баъдаш ҳам по ба мактабе мегузорад, ки ин “пул”-ҳо онҷо ҳам ҷойи по доранд. Ба ин тартиб, бо вуруд шудан ба донишгоҳ аз тариқи Маркази миллии тестӣ, ки ба бовари раиси Маҷлиси намояндагон мардум ҳанӯз ба он боварии комил надоранд, бо кӯдакияш худоҳофизӣ мекунад.

Мартин Лютер, раҳбари Ҷунбиши мадании амрикоиҳои африқоитабор дар бахше аз суханронии маъруфаш “Рӯёе дорам” гуфтааст: “Рӯёи ман ин аст, ки рӯзе чаҳор фарзанди кӯчакам дар кишваре зиндагӣ хоҳанд кард, ки онҳоро на ба сабаби ранги пӯст, балки бо дарунмояи шахсиашон қазоват мекунанд.”

Пас рӯё чизе набудааст, ки амалӣ нашавад ва они мо ҳам ин аст, ки тамоми атфоли тоҷик кӯдакии мамлӯ аз сурур дошта бошанд ва дар канори волидайни худ бар камол бирасад. Рӯзи ҷаҳонии кӯдак муборак бод!
Мӯҳр
Аввал салом ба хабарнигорони ОЗОДАГОН хамеша зиндаву озоду озоднавис бошед. Хар руз маколахои шуморо мехонам ва лазат мебарам. Шумо хамеша озод астед чун базеъ нависандагону рузноманигорони лаганбардор нестед. Дар фикри бехбудии халку ватанед. Хакикат ва бадбахтихои миллатро хамеша руи чоп меоред, ки хондану шуниданаш барои хукуматдорон талх аст. Дар Точикистон гайр аз кудакони онхо дигарон хамма хору зоран. Дар чамеъи мо шохиди хол астам,ки кудакон чунин зиндаги ва хакикати ин холро доранд. Ахсан бародар саломат бош.Дастат дард накунад.

Хуршед
зинда бошӣ, бародар. Забони навиштаат ба форсии меъёр наздик аст. Ба дӯстони дигар ҳам кумак кун то бо забони хуб ва дуруст бинависанд ки вақте бо хатти форсӣ ҳам дар сойти шумо чоп мешавад пеши 150 000 000 ҳамзабони дигар хиҷолат накашем. Агар форсии меъёрро хуб баладед нестед, эълом бидиҳед даҳҳо тоҷике ҳаст ки забон ва хаттро ъолӣ медонад. Аз онќо ҳам истифода кунед.

Мавзуъ ва моҳияти навишта ҳам қобили таваҷҷуҳ ва ҷолиб буд. Муваффақ бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)