Тошканд пойбандияшро ба Тоҷикистон бартараф кард
Узбакистон сохтмони нақби роҳи оҳан тариқи ағбаи Қамчиқ, ки қаламрави Тоҷикистонро канор мегузорад, ба итмом расонида, тасмим гирифтааст ҳаракатро дар ин масир авохири моҳи июн доимӣ роҳандозӣ кунад.
Дар ин бора расонаҳо узбакӣ хабар дода гуфтаанд, сохтмони нақб ба анҷом расида, якшанбеи гузашта қатораҳои санҷишӣ сар дода шудаанд ва фаъолияти доимии нақб охири моҳи июн шуруъ хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, ин дарозтарин нақб миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, ба дарозии 19,2 километр бо 455 миллион доллар аз ҷониби ширкати чинии “China Railway Tunnel Group” сохта шудааст.
Роҳи оҳани Ангрен – Поп 125 киллометр тул дошта, бар ивази беш аз 2 миллиард доллар бунёд шуда, водии Фарғонаро бо дигар минтақаҳои он кишвар мепайвандад. Ин роҳи оҳан тариқи ағбаи Қамчиқ бо баландии 2,3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр убур мекунад. Тариқи ин ағба ягона роҳи автомобилгардест, ки Тошкандро бо водии Фарғона мепайвандад ва дар фасли сармо он баста шуда аз роҳе дар шимоли Тоҷикистон истифода мешуд.
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони мардумии вилояти Андиҷон, ки моҳи апрели соли 2013 баргузор шуд, бунёди ин роҳро ба миён гузошта, гуфта буд: “Дар водии Фарғона беш аз 10 миллион нафар ба сар мебарад. Мо ғалат мекунем, агар ба набудани як роҳи оҳан, ки ин водиро бо қисмати дигари кишвар мепайвандад, аҳамият надиҳем. Ин масъала бояд то соли 2014-2015 ҳалли худро ёбад ва ин роҳ бояд то соли 2016 мавриди истифода қарор гирад”.
Аммо худи ҳамон сол торнамои "Узметроном" аз қавли бархе аз иқтисоддонҳо гуфта буд: “Бунёди роҳи оҳани Узбакистон, ки қаламрави Тоҷикистонро канор мегузорад, баъд аз 300 сол низ хароҷоташро рӯпӯш нахоҳад кард”. Ба навиштаи ин торнамо сохтмони роҳи оҳани мазкур хусусияти сиёсӣ дорад, на иқтисодӣ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |