Задухӯрди мусаллаҳона дар сарҳад: Ду марзшикани афғон захмӣ шудааст
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар медиҳад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадӣ мегӯяд, ин ҳодиса 29 май дар Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои ӯ як гуруҳи иборат аз 6 ё 7 нафараи қочоқчиёни афғон ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарда, ҷониби онҳо оташ мекушоянд: “Сарҳадбонони тоҷик аз худ чусту чолоки ва муқовимати шадид нишон доданд, ки дар натиҷаи он ду нафар аз қочоқчиён захмдор шуда, боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд”.
Манбаъ мегӯяд, кормандони РКДАМ дар вилояти Хатлон ба тафтиши ҳодиса машғуланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |