Бахшҳо

Ҳабси ҷавони тоҷик барои зарбаи марговар ба раиси “фанат”-ҳои Челябинск (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи марказии шаҳри Челябинск, имрӯз, 1-уми июн Комил Ҷамилов, зодаи 23-солаи Тоҷикистонро дар марги Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск гунаҳкор дониста, ба 3 солу 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст.

Тибқи иттилоияи додситонии Челябинск маҳкумшуда дар мурофиаи додгоҳӣ гуноҳашро пурра эътироф накард ва иддао дошт, ки зарбааш наметавонист барои Спиридонов марговар бошад.

Қаблан Владимир Гупенко, масъули Кумитаи тафтишотӣ гуфт, Ҷамилов зимни тафтишот низ гуноҳашро танҳо қисман иқрор кардааст: “Ҷамилов гуфт, зарбаи ӯ наметавонист, ки боиси марги Спиридонов шавад. Аммо ташхиси тиббӣ нишон дод, ки зарбаҳои муттаҳам марговар будаанд”.

Кумитаи тафтишотӣ Ҷамиловро инчунин дар расондани зарари ҷисмонӣ ба ду нафаре муттаҳам карда буд, ки ӯро таъқиб карда, хостаанд боздошт кунанд: “Ҷамилов ба ҷоғи ин ду нафар ҳам як зарбаӣ задааст”.

Ҳабси ҷавони тоҷик барои зарбаи марговар ба раиси “фанат”-ҳои Челябинск (ВИДЕО)Виталий Спиридонов, раҳбари ҳаракати мухлисони дастаи хоккейи “Трактор”-и Челябинск, ки бо зарби як мушти тоҷиктаборе аз пой афтида буд, 19 августи соли гузашта ба ҳалокат расида буд. Ба иттилои расонаҳо, қазия соати 4-и субҳи 4 август дар назди майхонаи “Топка”-и Челябинск сурат гирифтааст: “Миёни мухлисони “Трактор” ва гуруҳи ҷавонон муноқиша сар задааст. Ҷонибҳо барои ҳалли қазия ба беруни майхона баромадаанд”.

Дар навори сабткардаи дурбинҳои майхона дида мешавад, ҷавони кулоҳпӯш, ки гуфта мешавад Ҷамилов аст бо як зарба Спиридонови 37-соларо аз пой меафтонад. Гуфта мешавад, баъди афтидан сари Спиридонов осеб дида, ба беморхона интиқол ёфтааст ва ду ҳафта пас ҷон додааст.

Шаби 11 ба 12 август дар пайи амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Челябинск ва Хадамоти федералии амният - “ФСБ” Комил Ҷамилов боздошт гардида буд. Расонаҳои русӣ мегӯянд, Ҷамилов шаҳрвандии Русияро дошта, дар Челябинск ба сар мебарад: “Ӯ ба машқи муҳорибаҳои бидуни қоида низ машғул будааст”.



ВИДЕОи муноқиша, ки расонаҳои русӣ нашр кардаанд:

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)