Алиакбари 10-сола солҳост, ки интизори Зафар Аюбӣ аст (ВИДЕО)
Дидор бо Зафар Аюбӣ, овозхони шинохтаи тоҷик орзӯи аслии Алиакбар, як таълимгирандаи Муассисаи давлатии Хонаи кӯдакони рақами 1-и шаҳри Душанбе аст.
Алиакбари 10-сола дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон”, ки дар Рӯзи байналмилалии кӯдакон ба дидорбинии тарбиятгирандаҳои Хонаи кӯдакон рафт, гуфт, солҳост омадани Зафар Аюбиро интизор аст. Ӯ мегӯяд, борҳо аз нафароне, ки ба назди онҳо омаданд хоҳиш кард, то ба Зафар Аюбӣ расонанд, ҳадди аққал як бор меҳмони онҳо шавад. Алиакбар аз хабарнигори мо ҳам ин хоҳишро кард. “Мехоҳам як маротиба Зафар Аюбӣ омада, дар назди мо консерт гузаронад. Чаро чандин бор хоҳиш кардам наомадед, акаи Зафар”,-пурсид вай.
Ин писарак порае аз суруди машҳури Зафар Аюбиро ҳам иҷро кард ва гуфт, умедвор буд, ки имсол дар Рӯзи иди кӯдакон ӯ ба назди онҳо меояд.
Зуҳро Боронова, сардухтури Муассисаи давлатии хонаи кӯдакони №1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе имрӯз, 1 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ҳоли ҳозир дар муассисаи 79 кӯдак таълим мегиранд. Ба гуфтаи хонум Боронова, миёни ин атфол кӯдаконе ҳам ҳастанд, ки падару модар доранд: “Аз сабаби камбизоат будан фарзандони худро ба ин ҷо меоранд. Шароитҳои мо хуб аст ва пайваста аз ҷониби ҳукумат кумак расонида мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |