Китобе дар бораи таърихи ошпазии Бадахшон беҳтарин китоби ошпазии сол эълон шудааст
Китоби “Бо дастони худ”, ки дар бораи фарҳанг ва таърихи ошпазии Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон навишта шудааст, беҳтарин китоби ошпазии сол эътироф шудааст.
Ин китоб ба қалами мардумшиносон -- Фредрик ван Оуденҳовен ва Ҷамила Ҳайдар таалуқ дошта, миёни 300 асар дар Ҷумҳурии Чин ҷоизаи “Gourmand”-ро ба худ ихтисос додааст.
Муаллифони китоби “Бо дастони худ” ҳафт сол қабл ба Бадахшон сафарҳои мутолеотӣ анҷом дода, соли 2011 тасмим мегиранд, натиҷаи онро дар шакли як китоби кӯчак пешниҳод намоянд. Аммо такмилу тарҷума ва нашри он чор сол тӯл мекашад. Дар муқаддимаи китоб, ки аз панҷ бахш иборат аст, чунин гуфта мешавад: “Дар гирди оташдон дар хонае дар рустои Мун, воқеъ дар водии Ғунди Помири Тоҷикистон модаркалоне барои мо аз анвои ғизоҳое ном бурд. Ба зудӣ тамоми афроди хонавода гирди ҳам омаданд, то ба қиссаҳои ӯ гӯш диҳанд. Вақте ҳикоёти ӯ поён ёфт вай аз мо дархост кард, ки дастури ошпазии ӯро дар китобе дарҷ намоем то битавонад ёдвораҳояшро барои набераҳояш ба ёдгор бигузорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |