Ташхиси носи Тоҷикистон дар Амрико: Ягон меъёр надорад, боиси саратон мешавад...
Наврӯз Ҷаъфаров, ноиби вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, носҳое, ки феълан дар кишвар таҳти ному брендҳои гуногун фурӯхта мешаванд, ягон меъёру стандарти давлатии тайёркунӣ надоранд.
Ҷаъфаров дар конфронси бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку, ки ҳамасола 31-уми май таҷлил мешавад, гуфт носи Тоҷикистонро барои ташхис ба Амрикою Русия бурдаанд. Тибқи иттилоияи расмӣ ноиби вазир зикр кардааст, ки истеҳсолу тайёркунии нос дар маҳалҳои Тоҷикистон гуногун мебошад ва барои ташхис намудҳои гуногун аз минтақаҳои кишвар пешниҳод шуданд: “Ташхиси таркиби носҳои брендҳои гуногуни Тоҷикистон дар Амрико ва Русия муайян кард, ки нос аз сигор 10 маротиба бештар маводи кимёвии зараровару заҳролуд дорад”.
Ҷаъфаров гуфт, металҳое, ки дар таркиби нос дарёфт шуданд, ба касалии саратон оварда мерасонад: “Металлҳои вазнине, ки дар таркиби носанд, аз ҷумла малибден, сурб, ишқорҳо ва ғайра, пардаи луобии даҳонро вайрон мекунанду ба бемориҳои саратон ва захми меъда оварда мерасонанд”.
Нос дар минтақаҳои куҳии Тоҷикистон аксаран бо истифодаи хокистари дарахти арча ва дар шаҳрҳо бо оҳак ва ё хокистари поруи паррандагон тайёр мешавад.
Тибқи омори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ 8,7 % мардони аз 15 то 59 солаи Тоҷикистон тамоку мекашанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қариб 40%-и мардон ва 3%-и занҳо дар деҳоти кишвар нос мекашанд ва сабаби асосии майли зиёд ба ин маводи заҳролуд арзонӣ ва дастрасии он арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |