Пузиши Ҷонибек Муродов аз Баҳром: Бародарии мо буд, ҳаст ва мемонад (ВИДЕО)
Ҷонибек Муродов, хонандаи муваффақи попи тоҷик дар як навор аз Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи дигари шинохтаи кишвар ва хонаводаву мухлисонаш пузиш хостааст.
Дар ин навор, ки чанд лаҳза пештар дар саҳифаи Ҷонибек дар Фейсбук нашр шуд, ӯ ҳамроҳи Баҳроми Ғафурӣ нишастааст ва мегӯяд, он чӣ дар бораи намозхонии Баҳром дар як маҳфил гуфт, шухие беш набуд ва қасд надошт хотири касеро озурда намояд: “Агар ман бо ҳамин шухии беасое ки назди дӯстон нақл кардам, дили акои Баҳром, аҳли оила ё мухлисонашонро ранҷонда бошам, бахшиш мепурсам”.
Чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он Ҷонибек дар бораи як сафар ва “имоматӣ” кардани Баҳром дар намоз шухӣ мекунад.
Ҷонибек Муродов дар навори ахираш бори дигар таъкид мекунад, ки ҳадафаш танҳо шухӣ кардан буд ва онро набояд ҷиддӣ гирифт. Ӯ мегӯяд, “бародарии мо буд, ҳаст ва мемонад”.
Навори шухии Ҷонибек дар бораи Баҳром
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |