Эрон дар 3 га замини Тоҷикистон Муҷтамаи Рӯдакӣ бунёд мекунад
Ҷумҳурии исломии Эрон дар се гектар замин, ки Тоҷикистон ба он кишвар ҳадя кардааст, Муҷтамаи омӯзишии Рӯдакӣ бунёд мекунад. Дар ин бора хабаргузории ИСНО бо нақл аз Халилуллоҳ Боболу, муовини вазири омӯзиш ва парвариши Эрон хабар додааст.
Оқои Боболу ҳангоми боздид аз мароҳили сохти тарҳи ин муҷтама гуфтааст: “Ин мадраса бо зарфияти 700 донишомӯз сохта шудааст, ки яке аз сохтмонҳо ба давраи ибтидоӣ ва ду сохтмони дигар ба давраи миёнаи аввал ва дуввум ихтисос дода шудаанд”.
Ба гуфтаи ин мақоми эронӣ, дар Муҷтамаи омӯзишии Рӯдакии Тоҷикистон китобхона, маркази омӯзиши компютер ва бахшҳои варзишӣ бар асоси стандартҳои омӯзишии байналмилалӣ дар назар гирифта шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |