Ҷаласаи ҳукумат: Аз баҳси кадрҳо то тағйири номи шаҳраки Нов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 31 май дар ҷаласаи навбатии ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳоро ба баррасӣ гузоштааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, ҷузъиёти баҳсҳои кадриро ироа накардааст.
Ба иттилои манбаъ дар ҷаласаи ҳукумат лоиҳаҳои қонун “Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.
Инчунин хулосаҳои ҳукумат ба Маҷлиси намояндагон дар мавриди лоиҳаи қонун “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат” ва “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ” пешниҳод шудаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, лоиҳаҳои қарорҳо оид ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд “Оид ба тағйир додани номи шаҳраки Нови ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба шаҳраки Навкат” ва “Дар бораи низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ карда шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии масъалаҳои зикршуда дар ҷаласаи ҳукумат ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои мушаххас додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |