Ишқи бачаи куҳистон зани русро дар Балҷувон муқимӣ кард (ВИДЕО)
Як зани 67-солаи рустабор соли 48-ум аст, ки аз тамоми хонаводааш бурида, дар як рустои дурдасти Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.
Али-Кули Нонаро ишқи Шералӣ Носиров ба рустои Шаҳидони ноҳияи Балҷувон овард. Шералӣ ва Али-Кули соли 1968 дар Қазоқистон бо ҳам шинос шуда, баъди як сол ба Тоҷикистон омада, издивоҷ мекунанд. Али-Кули Нона дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, ӯро “ишқу муҳаббат ва дӯстӣ” ба инҷо овард. Ҳосили ин муҳаббат 14 фарзанд -- 7 писару 7 духтар аст, ки ҳамагӣ маълумоти олӣ доранд. Вай соҳиби 18 набера ҳам ҳаст.
Хонум Нона мегӯяд, шавҳараш моҳе қабл ин дунёро падруд гуфт: “Ӯ рафту маро сағира гузошт”. Вай бо ҳасрат изҳор дошт, ҳарчанд сатҳи зиндагиашон хуб аст ва ҳеч мушкиле надоранд, аммо нафас кашидан бидуни ҳамсараш лаззати қаблиро надорад.
Али-Кули Нона ба ҳамкори мо аз солҳои аввали ба Тоҷикистон омаданаш қисса кард. Мегӯяд, надонистани забони тоҷикӣ, бегона будани муҳити деҳа ва таънаи баъзе ҳамсоязанҳо пушти сар кардани рӯзҳои аввали зиндагиро барояш сахт кард: “Вале ман шавҳарамро дӯст медоштам ва ба ҳамаи инҳо тоқат кардам”.
Сабри ӯ барҳадар нарафт ва дар солҳои баъдӣ маҳбуби аҳли деҳ гардид. Ӯро ҳамагӣ бо муҳаббат “Холаи Нона” хитоб мекунанд. Давоми 38 сол дар китобхонаи ҷамоати Сари Хосор кор кардааст ва ҳоло бознишаста мебошад. Али-Кули Нона мегӯяд, тайи ин 48 сол боре ҳам ба аёдати наздиконаш нарафтааст: “То се соли пеш бо модарам телефонӣ суҳбат мекардам, аммо баъдан зангҳоям беҷавоб монданд. Дигар намедонам, ки чӣ ҳолу аҳволе доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |