Кумакхоҳии чӯпонҳои Рӯшон аз милисаю “КЧС”: Аз гургу палангҳо наҷотамон диҳед
Чӯпонҳои деҳоти ноҳияи Рӯшон мегӯянд, тақрибан ҳар шаб ҳадафи ҳамлаи гургу палангҳо қарор мегиранд.
Маснав Мулкамонов, яке аз чӯпонҳои ҷабрдидаи деҳаи Емси ноҳияи Рӯшон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намедонанд барои ҳифзи чорво ва ҷони худу наздиконаш аз кӣ кӯмак пурсад. Ӯ гуфт, давоми ҳафтаи охир гургу палангҳо даҳҳо моли майдаашро хӯрда, нобуд кардаанд: “Се паланг тақрибан ҳар шаб дар наздикии хайма ва ҷои нигоҳдории чорво камин мегиранд, то фурсат ёбанду ҳамла кунанд. Аз одам наметарсанд. Ҳар бори ҳамлаашон санг меандозему фарёд мекашем. Шабурӯз дар боронҳои шадид, ҳамроҳи хонаводаам, навбатдорем, аммо бо вуҷуди ин натавонистем, чорворо ҳифз кунем. Метарсам, рӯза ба аҳли оилаам низ ҳамла мекунанд”.
Мулкамонов гуфт, силоҳе барои ҳифзи худу чорвояш надорад: “Аз милиса ё “КЧС” - Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ё ҳар сохтори дигаре, ки бояд моро ҳимоят кунад, кӯмак мехоҳем. Ҳадди ақал бо садои тир гургу палангҳоро тарсонанд, зеро аз садои мо ва сангандозиҳоямон тарсе надоранд”.
Ин чӯпони ҷабрдида, гуфт ҳамарӯза дар чарогоҳаш се палангро мушоҳида мекунад, ки ҳаракати чӯпону чорворо назорат мекунанд: “Чанд шаби пеш боз гургҳо ҳамла карданд. Аз милиса хоҳиш дорам, ки ба мо кӯмак кунанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |