Қарор аст, ин бозӣ 15-уми ноябр, расо соати 18:00 оғоз ёбад. Тибқи иттилои ФФТ, ҳайати тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Олимҷон Рафиков бо 23 футболбоз нимаи авали имрӯз (14-уми ноябр) тариқи ҳавопаймо ба шаҳри Тошканд сафар карданд. Дидори якуми ин тимҳо дар марҳалаи севуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 рӯзи 2 сентябри соли равон дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода сурат пазируфта буд, ки футболбозони мо дар хонаи худ аз дастаи ҳариф бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 4 бозии қаблияш ба шикаст мувоҷеҳ шуда, дар ин гурӯҳ бе ягон имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Ҳамчунин, дар бозии дигари гурӯҳи “С” 15-уми ноябр тими Ҷопон дар меҳмонӣ бо мунтахаби Кореяи Шимолӣ рақобат мекунад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |