Баҳси минаҳо дар парлумон, ки 374 куштаю 485 маҷруҳ барҷой гузоштаанд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 27-уми май лоиҳаи қонун дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳоро баррасӣ ва қабул намуд.
Муҳаббат Иброҳимзода, директори Марказии миллии Тоҷикистон оид ба минаҳо ҳадафи лоиҳаро пурзӯр кардани корҳо барои поксозии майдонҳои кишвар аз минаҳо гуфт. Ӯ иттилоъ дод, ки аз соли 1992 то 2015 дар Тоҷикистон дар пайи таркиши минаҳо 374 нафар ҳалок ва 485 кас маҷруҳ шудаанд.
Ба иттилои Иброҳимзода феълан дар кишвар майдони 10,3 километри мураббаъ хатарнок мебошанд ва бояд аз минаҳо пок карда шаванд. Ӯ гуфт, бештари майдонҳои хатарнок ба навоҳии тобеи марказ ва сарҳад бо Афғонистон рост меоянд. Раиси Маркази зидди минаҳо илова намуд, ки дар 2,3 километри мураббаи дигар ҳанӯз лавозимоти ҷангӣ боқӣ мондаанд.
Ба суоли вакилон дар мавриди минаҳо дар сарҳад бо Узбакистон, ки то ҳол чандин шаҳрванди Тоҷикистонро куштаанд, Иброҳимзода гуфт: “Дар масъалаи минаҳо дар сарҳад бо Узбакистон мо фақат миёни шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Азбаски Узбакистон узви Конвенсияи байналмилалӣ оид ба бартарафкунии минаҳо нест, мо масъалаи поксозии минаҳоро бо ин кишвар дар миён гузошта наметавонем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |