Интиқоди Зуҳуров аз рӯбардоркунии қонунҳои хориҷӣ ва душворбаёнии ҳукумат
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 27-уми май лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ”-ро қабул намуд, ки бар асоси он назорати иҷрои созишномаҳо пурзӯр мешавад.
Музафар Ҳусейнзода, ноиби вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур изҳор дошт, ки ҳадафи қонуни нав иҷрои пурраи созишномаҳои байналмилалӣ ва назорати он мебошад: “Корхона ва идораҳои давлатӣ муваззаф мешаванд, ки дар бораи татбиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба Вазорати умури умури хориҷӣ ҳисобот пешниҳод намоянд”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур, дар хитоб ба Ҳусейнзода таъкид намуд, ки лоиҳаи пешниҳодкардаи шумо аз рӯи қонунҳои дигар давлатҳо рӯбардор шуда, бисёр душворфаҳм буд: “Ба роҳбарияти вазорат расонед, ки чунин лоиҳаҳо бояд соддафаҳм бошанд. Вазорати умури хориҷӣ бояд лоиҳаҳоро дар шакле пешниҳод намояд, ки барои дигар ниҳодҳо намунаи ибрат бошад”.
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, болои лоиҳаи пешниҳодкардаи Вазорати умури хориҷӣ ҳудуди 2 моҳ кор кардаанд, то қобили қабул шавад.
Дар маҷмуъ Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки бисёре аз лоиҳаҳои пешниҳодкардаи ҳукумат душворфаҳм мебошанд. Ӯ Кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагонро низ муваззаф намуд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |