Анҷоми даъвати наваскарон: 60% ихтиёрӣ омаданд...
Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ хабар дод.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, нақшаи даъват имрӯз, 27-уми май пурра иҷро гардид. Ба иттилои манбаъ 60 дарсади наваскарон ихтиёрӣ ба хизмат омадаанд, ки ин нишондод нисбат ба солҳои пеш ба маротиб зиёд мебошад.
Даъвати баҳории наваскарон дар Тоҷикистон аввали апрел оғоз шуда, охири моҳи май анҷом ёфт. Вазорати дифоъ мегӯяд, тайи мавсими даъват ба нуқтаҳои қабули шикоятҳои шаҳрвандон ба ғайр аз эродҳои ҷузъӣ шикоятҳои дигаре ворид нашудаанд: “Шикоятҳои воридшуда бештар ба масъалаи интиқоли сарбозон ва вазъи оилавияшон рабт доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |