Балҷувон: Асп ёрдамчии беминнат ва василае барои дилхушӣ (АКС+ВИДЕО)

Шуғли аслии бештари мардони ноҳияи Балҷувон човандозӣ маҳсуб мешавад. Аҳрор Сангов, раҳбари бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ин ноҳия мегӯяд, теъдоди човандозҳо расман бештар аз 700 нафарро ташкил медиҳад.
Насриддин Камолов, як сокини ҷавони ноҳияи Балҷувон мегӯяд, мехоҳад пайрави бобоҳояшон бошанд, ки човандозони шинохта буданд. Ӯ гуфт, аз хурдӣ ба асп дилбастагии зиёд дошт ва ҳоло дар сабқатҳои варзишӣ иштирок мекунад. Фирдавси Зайнулло, як ҷавони дигар мегӯяд, ҳар вақт ки човандозонро медид, аз падараш хоҳиш мекард барои ӯ ҳам асп бихарад: “Ҳоло ба орзуям расидам ва соҳиби аспи худам ҳастам”.
Асп танҳо барои сабқатҳои варзишӣ истифода намешавад, балки мардуми Балҷувон онро барои осон кардани корҳои рӯзгор истифода мебаранд. Сокинони ноҳия мегӯянд, хеле кам хонаводаеро пайдо кардан мумкин аст, ки асп надошта бошад: “Дар баъзе хонаҳо ҳатто ду асп парвариш мешавад”.
Аҳрор Сангов, раҳбари бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ин ноҳияи Балҷувон мегӯяд, аз аввали соли равон дар қаламрави ноҳия 4 мусобиқаи аспдавонӣ ва бузкашӣ гузаронида шуд: “Дар ин мусобиқаҳо 107 ҷавон иштирок карданд. Дар оянда ният дорем шумораи мусобиқаҳои бузкашӣ ва пойгаи аспҳоро зиёд намоем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |