Эълони омори ғарқшудаҳо ва даъват барои эҳтиёт ҳангоми оббозӣ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.
Ин ниҳод бо нашри иттилоияе мегӯяд, “бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар об аз Шумо-шаҳрвандон ва меҳмонон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои ҳимояи ҳаёти худ ва наздиконатон, диққати ҷиддӣ дода, ҳангоми истироҳату шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед”.
Кумита ҳамчунин аз сокинон дархост кардааст, аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ намуда, ҳангоми истироҳат дар наздикии иншоотҳои обӣ ноболиғонро беназаор нагузоранд.
Ба омори ин ниҳод, дар соли 2015 бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ, 183 нафар ғарқ шудааст: “Аз ин шумора, то сини 10-сола 40 нафар, аз 10 то 17-сола 32 нафар ва аз 17-сола боло 111 нафар рост меояд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |