Раддабандии нави артишҳо: Узбакистон зӯртару Тоҷикистон заифтар шудааст

Пойгоҳи таҳлилии ҳарбии “Global Firepower” тавоноии артиши 126 кишвари дунёро дар соли 2016 раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар ҷойи 112-ум қарор додааст, ки аз миёни кишварҳои ИДМ аз ҳама охир аст.
Ин нишондоди Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар раддабандии қаблӣ артиши Тоҷикистон дар ҷойи 81-ум қарор гирифта болотар аз Туркманистон меистод. Феълан ба иттилои “Global Firepower” артиши Тоҷикистон нерӯяшро таҳким бахшида, аз ҷои 90-ум ба 86 фаромадааст.
Инчунин Узбакистон артишашро пурзӯртар карда, аз ҷои 54-и раддабандии қаблӣ то зинаи 48-ум пеш рафтааст. Ба ҳисоби ин пойгоҳ артиши Узбакистон бо 420 танк, 715 зиреҳпӯш, 69 ҳавопаймои ҷангандаи раҳгир, 89 ҳавопаймои ҳамлавар (штурмовик) ҳамоно нерӯмандтарин артиш дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мондааст. Тоҷикистон ба иттилои “Global Firepower” 37 танк, 46 зиреҳпӯш, 25 тайёраи низомӣ, 4 ҳавопаймои омӯзишӣ, 20 чархболи таъиноти умумӣ ва 6 чархболи низомӣ дорад.
“Global Firepower” буҷаи низомии солонаи Тоҷикистонро 75 миллион доллар арзёбӣ карда, низомиёни фаъоли хатти пеши кишварро 6 ҳазор нафар гуфтааст. Ин дар ҳолест, ки буҷаи солонаи низомии Қазоқистон 2 миллиарду 435 миллион долларро ташкил дода, ба иттилои пойгоҳи “Global Firepower” 110 ҳазор низомӣ, 300 танк, 1613 зиреҳпӯш ва 233 адад техникаи ҳавоӣ дорад.
Тибқи ин раддабандӣ, аз миёни кишварҳои ИДМ артиши Русия дар ҷаҳон дар ҷои дуюм, Украина-30, Белорус-49, Узбакистон-48, Озарбойҷон-60, Арманистон-94, Гурҷистон-75, Қирғизистон-110, Тоҷикистон-112 ва Туркманистон дар ҷои 86-ум қарор дорад.
Ба сегонаи аввал ИМА, Русия, Чин ва ба сегонаи охир Ҷумҳурии Африкои Марказӣ, Сомалӣ, Намибия ворид шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |