Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷойизаи адабии ба номи Рӯдакӣ Лоиқ Шералӣ имрӯз 70-сола мешаванд.
Ба ин муносибат дар саросари Тоҷикистон маҳфилу чорабиниҳо, конфронсу озмуни лоиқхонӣ сурат мепазирад.Тибқи иттилои Иттиҳоди Нависандагон, ахиран дар доираи ин чорабиниҳо дар пояи муҷассамаи шоир дар шаҳри Панҷакент маҳфил-озмуни лоиқхонӣ таҳти унвони «Лоиқи дилҳо куҷоӣ?» гузаронида шуд. Дар он зиёда аз 500 нафар ихлосмандони шеъри устод аз муассисаҳои таълимии Панҷакент иштирок намуда, аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд. Дар ин чорабинӣ адибони тоҷик Меҳмон Бахтӣ, Ӯрун Кӯҳзод, Сорбон иштирок карданд. Меҳмонон инчунин аз хона – музейи Лоиқ Шералӣ, ки дар зодгоҳи шоир – Мазори Шариф воқеъ аст, дидан карданд.
Ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе низ маҳофили фарҳангӣ бахшида ба 70-солагии Лоиқ идома доранд. Рӯзи 19-уми май бо иштироки шоирони шаҳири миллат Мӯъмин Қаноат ва Гулрухсор, мухлисони ашъори Лоиқ ва наздикону пайвандони ӯ дар мактаби рақами 54-и пойтахт, ки номи равоншод Лоиқ Шералиро дорад, ҳамойиши вижа баргузор гардид.
Зимнан, имрӯз дар толори театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ чорабинии асосии таҷлили 70-солагии зодрӯзи устод Лоиқ Шералӣ доир мешавад.
Мӯҳр