Алимардон ва Раҳимзода сардори пулиси Русияро ба боғи гелоси Ҳисор бурданд (АКС)
Муродалӣ Алимардон, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон дар умури кишоварзӣ, ки бо чорвою боғдорӣ маъруф аст, Владимир Колоколсев, сардори пулиси Русияро бо боғҳои зодгоҳаш-ноҳияи Ҳисор шинос кардааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, Колоколсев ҳамроҳи ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода 24-уми май аз боғҳои Ҳисор, аз ҷумла боғи гелос боздид карданд.
Манбаъ афзуд, барои меҳмонон намоиши меваю сабзавоти кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон ташкил карда шуд ва ҳайати Русия ба ҳосили хуби имсолаи боғи гелос, маззаи меваҳо ва меҳнати деҳқонони тоҷик баҳои баланд доданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |