Тоҷикӣ дар феҳрасти 7 забони муҳим барои амрикоиҳо
Клер Дурахшон, донишҷӯи мактаби олии Флоренсияи Ғарбии ИМА барандаи стипендия барои омӯзиши забони форсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон шудааст.
Ин донишҷӯи амрикоӣ дар доираи барномаи Ташаббуси миллӣ барои амнияти забонҳо дар соли 2016 тобистони соли равон ба Тоҷикистон барои омӯзиши забони форсӣ-тоҷикӣ меояд.
Масъулини барнома мегӯянд, Клер Дурахшон дар баробари 600 донишҷӯи дигар аз нуқоти гуногуни ИМА тариқи озмун барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ интихоб шудааст. Стипендияҳои ин барнома 7 забони хориҷиро фаро мегиранд, ки дар баробари чинӣ, ҳиндӣ, кореягӣ, русӣ, туркӣ, арабӣ, забони форсӣ-тоҷикӣ низ вориди ин феҳраст мебошад.
Масъулин ҳадафи барнома рушди таваҷҷуҳ ба забону фарҳангҳои хориҷӣ миёни амрикоиҳои ҷавон арзёбӣ мекунанд, то битавонанд бевосита бо соҳибони забонҳои зикршуда муошират кунанд. Масъулини барнома мегӯянд, ба ҳамин восита гуфтугӯ миёни фарҳангҳо, олимон, ҳукуматдорон ва бахши хусусиро таҳким мебахшанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |