Душанбе: Баҳси ҷилавгирӣ аз озори кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида
Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо PRI дар Осиёи Марказӣ ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамдастӣ бо Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, бо кӯмаки молиявии Шуъбаи ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, рӯзҳои 25-27 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаю нимапӯшидаи Тоҷикистон баргузор мекунанд.
Тавре баргузоркунандагон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, ҳамчунин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат меварзанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорон механизмҳои байнулмилалӣ ва миллии пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳо, инчунин усули муайянсозии муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдаконро баррасӣ карда, дар самти офиятбахшии фарогир ва муассири ҷабрдидагони зӯроварӣ табодули таҷриба мекунанд.
Ба ҳайси тренерони давраи омӯзишӣ коршиноси байнулмилалӣ дар соҳаи равоншиносӣ Лилит Геворкян аз Арманистон, коршиноси миллӣ дар масоили ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон Дилбар Тӯрахонова, инчунин коршиноси миллӣ дар масоили татбиқи Протоколи Истамбулӣ Парвина Наврӯзова фаъолият мекунанд.
Ин давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи сесолаи Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо PRI «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Осиёи Марказӣ» дар толори меҳмонхонаи “Комфорт” гузаронида мешавад. Тарҳи мазкур дар Тоҷикистон бо ҳамдастии Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад.
Маълумот: 43%-и кӯдаконе, ки дар пажуҳиши PRI «Овози кӯдак» дар соли 2015 ширкат варзиданд, гуфтанд, ки худро дар шуъбаи милитсия бехатар эҳсос намуданд. Ҳамзамон сеяки кӯдакони пурсидашуда муносибати бади милисаҳоро зикр карданд ва аксарият гуфтанд, ки таҳқири дурушти лафзӣ шунидаанд. Як писар аз зӯроварии андаки ҷисмонӣ шиква намуда, як писари дигар аз истифодаи хушунати бераҳмона нисбаташ шикоят кард. Ягон нафар аз кӯдаконе, ки оид ба зӯроварӣ хабар доданд, дар ин бора калонсолонро огоҳ накарданд. Кӯдакони ҷабрдида бар ин ақида будаанд, ки ба онҳо бовар намекунанд. Гузоришгари махсус оид ба шиканҷа дар соли 2015 гузориши иловагӣ таҳия кард, ки дар он нигарониҳои давомдор оид ба «ҳисобот дар бораи он, ки кӯдакони дар низоъ бо қонун ҳангоми ҳабс ва марҳилаҳои гуногуни боздошт дучори муносибати бераҳмона мешаванд» изҳор шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |