Шӯрои уламо санаи дақиқи Рамазонро баъд аз 28 май эълон мекунад
Эҳтимол меравад, нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон ба санаи 6 июни соли равон рост биёяд. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, аммо санаи дақиқи фарорасии Рамазон дар ҷаласаи навбатии Шӯро, ки қарор аст шанбеи 28 май баргузор шавад, муайян хоҳад шуд. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин ҷаласа намояндаҳои Институти астрофизика, Кумитаи дин ва 25 узви Шӯро, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд, ширкат хоҳанд кард.
Соли сипаришуда Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фарорасии нахустин рӯзи моҳи Рамазон дар Тоҷикистро 18 июн муайян карда буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба ҳисоб рафта, дар тақвими исломӣ баъд аз моҳи шаъбон ва қабл аз моҳи шаввол меояд. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |