"Корвони тиҷоратии Покистон" ба Душанбе расид (АКС)
Намоишгоҳи "Корвони тиҷоратии Покистон" дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ кард.
Расми оғози ин намоишгоҳ имрӯз, 24 май lар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” сурат пазируфт. Дар ин намоишгоҳ, ки то 25 май идома мекунад, ширкатҳои покистонӣ маҳсулоти худро дар соҳаҳои саноати сабук, масолеҳи сохтмонӣ, доруворӣ, сару либос, таҷҳизоти варзишӣ ва дигар ғайра пешниҳод хоҳанд кард.
Масъулини намоишгоҳ мегӯянд, дар баробари намоишгоҳи “Корвони тиҷоратии Покистон”, инчунин баргузории Ҷашнвораи “МАНГО”, форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Покистон ва барномаи фарҳангӣ дар назар аст.
Мавзуна Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” ҳадафи роҳандозии “Корвони Покистон”-ро мусоидат ба рушди муносиботи тиҷоратӣ-иқтисодии минтақа, муайян намудани масоили муҳим барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ, дастгирии ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии Покистону Тоҷикистон унвон кард. Ӯ гуфт: “Баргузории чунин намоишгоҳҳо барои таҳкими муносиботи сиёсиву иқтисодӣ, дарёфти сармоягузорон ва шарикони тиҷорӣ замина хоҳад гузошт”.
Гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон дар соли сипаришуда 64,5 миллион долларро ташкл дода, роҳбарони ду кишвар дар мулоқоти ахири худ хостори ба 500 миллион доллар расонидани ин рақам шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |