Бахшҳо

Исмоилиёни Тоҷикистон рӯзи Дидорро таҷлил мекунанд

Пайравони мазҳаби Исмоилия дар Тоҷикистон, ки теъдодашон аз 200 ҳазор нафар бештар арзёбӣ мешавад, имрӯз 24-уми май 21-умин солгарди нахустин боздиди Оқохони IV, имоми 49-уми худро аз Тоҷикистон ва нахустин мулоқоташ бо муридони тоҷикистониро таҷлил мекунанд.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо пайравонаш аз Осиёи Марказӣ робитаи маҳдуд доштааст, нахустин бор аз Тоҷикистон соли 1995 дидан кард ва аз он сол инҷониб исмоилиёни Тоҷикистон 24-уми майро ҳамчун Иди Нур ё Дидор таҷлил мекунанд.

Тавре пайравони Исмоилия дар суҳбат бо “Озодагон” изҳор доштанд, дар ҷашни Дидор, одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронда мешаванд. Ба гуфтаи исмоилиён Бунёди Оқохон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, бадахшониёнро, ки дар бунбаст қарор доштанд, бо ғизою дигар лавозимот таъмин карда, аз марг наҷот дод.

Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Рушди Оқохон» (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.
Мӯҳр
Мирзо
Огохон ягон имом нест. Баъзе аз бадахшонихо уро паёмбари зинда, якхелашон худои зинда меноманд. Ин ширк ба Аллох аст. Ло илоха илоллох, Мухаммадан расулоллох.

Худодусти арабситез
Мирзои Пирзои харчизе бовар мекуни бовар кун ба мардуми точик даст назан хар кас дар хар мазхабе бошад набошад вай бародари ман аст ё аслуш бародари хамаи мо агар ту факта хамин салафиву ханафиву шофеира бародар медони бра арабистони сауди .. маслана 90 фоизи бузургон ва донишмандони замони шуравии точик атеист буданд ва баъзе аз бачахои онхо хозир насрони ва ё бахои шудаанд чи гуфтани хасти мо аз онхо ва фарзандони онхо ру гардонем ин гапота факат пеши Эшони Нуриддину Хочи Мирза рафта пинхони факат пинхони зада гард бо хабар наёбанд бо ин низоандозию фитнасозихот. бадахшони кулоби хучанди харчои бошад точик точик хаст аввал точик будан баъд дини вай имони ваё фикри вай. ба ману ту чи ки кира имом мега

АЛЛОХУМА САЛЛИ ЪЛО МУХАММАДИН ВА ОЛИ МУХАММАД ба хамаи исмоилиёни точикистон дидори ХОЗИР ИМОМ муборак

Mirzo, ba joi safsataxonii ba'ze odamoro gush kardan, kitobho va maqolahoi durustro bixon avval. Bad agar aqlat rasad biyovu gap zan!

Мирзо, Барои мо Бадахшониён 49 -умин набераи пайгомбар (САС) 49 -ум Имом аст , ва на пайгомбар , вакте як вокеъиятро муввазех намедони , чаро ин кадар зиёд харф мезани , ва исбот ба ту "Ло илоха илоллох, Мухаммадан расулоллох." . Мусалмон бош ва ба касе тухмат накун , аз кадом Бадахшони шуниди ки Худо ё пайгомбар Имоми хакро хонданд ,?

Мухамад
Дар дини Ислом як Худо Аллох ва як пайгамбар аст Мухаммал (с) ва ягон бадахшони имомро пайгамбару худо нагуфтааст ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)