Медали вазири дохилии Русия ба Рамазон Раҳимзода барои кумак дар парвандаи Гошт
Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия кумаки Тоҷикистонро дар боз кардани ҷинояти куштори Андрей Гошт, корманди мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия ва аҳли оилаи ӯ дар вилояти Самара олӣ арзёбӣ кардааст.
Владимир Колоколтсев, ки Душанбе қарор дорад, ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон барои кумак дар ин қазия нишони “Барои ҳамкориҳои муборизавӣ” тақдим кардааст, хабар медиҳад торнамои расмии ВКД-и Русия.
Владимир Колоколтсев дар садри як ҳайати Вазорати умури дохилии Русия ҷиҳати иштирок дар Мушовараи навбатии якҷояи Вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистону Русия 23 май вориди Душанбе шуд. Ин мушовараи 18-уми ВКД-ҳои ду кишвар шурӯъ аз соли 1998 ба шумор меравад.
Мақомоти Русия шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон -- Аҳмадов Маҳмадалӣ Баротовичро дар ташкили қатли Андрей Гошт, сардори пулиси шаҳри Сизран ва 5 узви хонаводаи ӯ муттаҳам медонанд. Ин ҷиноят шаби 24 апрел дар деҳаи Ивашевка содир шудааст. Ин иниҳод гуфта буд, ки Аҳмадов ба Тоҷикистон фирор кардааст. Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъдар иттилоъ дод, Маҳмадалӣ Аҳмадов худаш ба ин ниҳод ҳозир шуда, иброз доштааст, ки воситаҳои ахбори Русия ӯро дар куштори оилаи Андрей Гошт гумонбар донистаанд: “Ӯ таъкид намуд, ки ӯ дар ин ҷинояти вазнин даст надорад ва барои гуфтаҳои худро собит намудан ба Русия бармегардад”.
Аммо вақте ба Русия баргашт боздошт шуд. Аз ин пештар мақомоти Русия бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят се зодаи Озарбойҷон -- Роман Фаталиев, Ислом Бобоев ва Орхан Захрабовро дастгир карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |