Душанбе дар феҳрасти бадтаринҳо барои кору иқомат
Ширкати байналмилалии консалтингии Mercer рӯйхати 33 шаҳри бадтарини дунёро барои кору иқомат нашр кардааст.
Тибқи ин раддабандӣ, ки шанбеи 21 май нашр шудааст, Душанбе миёни 33 шаҳри бадтарин дар зинаи 19-ум қарор гирифтааст.
Раддабандии мазкур дар асоси нишондиҳандаҳои муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ВАО, маҳдудсозии озодиҳои шахсӣ, тандурустӣ ва маориф сурат гирифтааст.
Таҳиягарони ин раддабандӣ дар бораи Душанбе гуфтаанд “фақр ва камбуди нерӯ аз мушкилиҳои бузурги шаҳр ва дар умум ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бонки ҷаҳонӣ ҳам ба далели камбуди инфрасохтор Душанберо барои тиҷорат номусоид хондааст”.
Дар раддабандии мазкур миёни пойтахтҳои Осиёи Марказӣ Тошканд дар зинаи 26-ум, Ашқобод дар зинаи 23, Бишкек дар ҷойи 21-ум қарор гирифтааст. Дар зинаи аввали раддабандии шаҳрҳои бадтарини ҷаҳон, Бағдод, пойтахти Иқроқ меистад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |