Зимнан, дар робита ба ин мавзӯъ рӯзҳои 18 - 19 ноябри соли 2011 бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамкории вазорати маориф, Маркази миллии тестӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе мизи гирд сурат мепазирад. Амалӣ намудани системаи ягонаи имтиҳоноти дохилшавӣ, шартҳои умумии интихобу шомилшавии довталабон ба макотиби олӣ ва нақши донишгоҳҳо дар ситемаи мазкур, аз масоили матраҳшавандаи ҳамойиши мазкур маҳсуб мегарданд. Ҳамчунин дар мизи гирд таҳлили таҷрибаи кишварҳои дигари минтақа оид ба рушди системаи ягонаи санҷишӣ барои шомилшавӣ ба макотиби олӣ дар назар аст.
Тибқи иттилоъ, дар нишаст иштироки намояндаҳои дастгоҳи иҷроияи президент, вазорати маориф, идораҳои вилоятӣ ва шӯъбаҳои ноҳиявии маориф, макотиби олӣ, Академияи таҳсилот, Маркази миллии тестӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ, Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА, Хазинаи Оғо Хон дар назар аст. Ҳамчунин, дар мизи гирд мушовирони байналмилалӣ аз Бунёди «Ҷомеаи Кушода», Барномаи дастгирии таҳсилоти Лондон (ESP), Anglia assessment LTD ва Шабакаи марказҳои сиёсати таҳсилотии Хорватия ширкат мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, дар чаҳорчӯбаи самти афзалиятноки Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 2010 ин ҷониб мусоидат кардан ба фаъолияти Маркази миллии тестӣ идома дорад. Буҷаи умумии лоиҳаи мазкур 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа бо дастгирии коршиносони байналмилалии Anglia Assessment LTD амалӣ карда мешавад. Зимнан, барои мураттибони санҷишномаҳо аз фанҳои математика, таъриху ҳуқуқ, забони модарӣ/русӣ, физика, химия, биология, география, забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ) семинарҳо гузаронида шуданд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |