Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон: Ҳукумат ба нерӯи тавонои шумо эътимод дорад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми табрикие бахшида ба Рӯзи ҷавонон, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президентро таҳкими робита миёни Президент ва ҷавонони унвон кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии ин шӯро татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ намудани пешниҳоду ташаббусҳои онҳо мебошад: “Бовар дорам, ки шӯрои мазкур барои густариши фаъолияти ҷавонон заминаи устувор фароҳам оварда, ҳар як ибтикори шоистаи онҳоро ба хотири рушди Тоҷикистони маҳбубамон пуштибонӣ мекунад”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукумати кишвар ба нерӯи тавонои ҷавонон эътимод дошта, пешниҳоду ибтикороти онҳоро дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилашон ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад: “Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Ҳукумат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмиву пажӯҳишӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар бунёди иншооти муҳимми аср фаъолона ширкат варзанд”.
Раисиҷумҳур дар ин паём ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, нақбу роҳҳои муосир ва иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот буданд, балки бо заҳмати созанда, ташаббусҳои ободгарона ва кушишу талошҳои пайваста мақоми ҷавононро баланд бардоштанд: “Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд. Шумо, ҷавонони азиз, бояд хуб дарк намоед, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти шумост”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |